"Соро компания" бори шашум қаҳрамони футзали Тоҷикистон шуд

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи "Соро компания"-и Душанбе, ки дар бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ тими “Сипар”-и Хуҷандро мағлуб кард, бори шашум барандаи медалҳои тилои Суперлигаи футзали Тоҷикистон гардид.

Бозии панҷум ва ҳалкунанда рӯзи якшанбеи 4-уми январ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардид. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар замони изофа (ду қисми 5-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯйи силсилаи пеналти “Соро компания” бо ҳисоби 5:4 ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, дастаи “Соро компания” 26-уми декабр дар Қасри варзиши Хуҷанд силсилабозиҳои ниҳоии Суперлигаро бо пирӯзӣ оғоз карда, тими “Сипар”-ро шикаст дод. Замони асосии дидор бо ҳисоби 2:2 ба поён расид. Аз рӯйи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ “Соро компания” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Дар бозии дуюми ин дастаҳо, ки 27-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, “Сипар” ғолиб омад. Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бозигарони “Сипар” бо ҳисоби 4:3 ғолиб гаштанд.

Бозиҳои сеюму чаҳоруми ниҳоӣ миёни тимҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Дар бозии сеюм, ки 31-уми декабр доир гардид, «Соро компания» бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Бозии чаҳорум, ки 1-уми январ сурат гирифт, бо ғалаби “Сипар” бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, дастаи “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бори шашум ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон шуд. Қаблан ин даста солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар марҳилаи плей-офф дар ду бозӣ бар тими «Амонатбонк»-и Душанбе ғалаба кард, барандаи медалҳои биринҷии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ дар Қасри варзиши Хуҷанд ба тими ғолиб – “Соро компания” - медалҳои тило ва Ҷоми қаҳрамонӣ супурда шуд.

Дастаи “Сипар” бо роҳбарии Сергей Коридзе, мутахассиси укроинӣ, бо медалҳои нуқра сарфароз гардид.

Ҳамакнун тими миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии Пайрав Воҳидов ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия доир мегардад, омодагӣ мебинад.

Рақибони тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Узбекистон ва Австралия мебошанд..

Таркиби се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи «А»: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи «В»: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи «D»: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Бар асоси низомномаи Ҷоми Осиё-2026 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.