Дар Тоҷикистон ҳафт ҷудокор, аз ҷумла се паҳлавони номӣ – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Обид Ҷебовро ҷазои интизомӣ додаанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл дар баёнияе гуфт, онҳо дар чор моҳи оянда аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳруманд.
Ин федератсия, ки раёсаташро набераи раисҷумҳур бар уҳда дорад, ҳафт ҷудокорро ба вайрон кардани “интизоми касбӣ ва ҳозир нашудан ба тамрин” гунаҳкор кардааст.
Назари варзишгарон ва мураббиёни онҳо то кунун дастрас нест.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иддао кардааст, ки онҳоро чанд дафъа барои иштирок дар машқҳои дастҷамъӣ даъват намуд, аммо акси садое нагирифт.
Инчунин, онҳо барои гуё “беҳурматӣ нисбат ба аъзо ва эътироф накардани нақшаи расмии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон” гунаҳкор дониста шудаанд.
Темур Раҳимов. Акс аз соли 2024
Дастикам се ҷудокоре, ки ҳоло ҷазои интизомӣ гирифтаанд, дар мусобиқаҳои дохили Тоҷикистон ва берун аз он комёбиҳои чашмрас доранд.
Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов барандаи медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис (Париж) ҳастанд.
Обид Ҷебов барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2025 дар Маҷористон аст.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар қарораш аз 29-уми июл гуфтааст, онҳо "новобаста аз натиҷаҳо ва мақому унвонҳояшон" чор моҳ “аз ҳаққи иштирок дар тамоми мусобиқаҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ маҳрум карда шаванд”.