18 сол зиндонӣ шудани як зан барои куштани духтари сесолааш

Ситора Бобоева, як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои куштани духтари сесолааш ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи ноябри соли 2025 эълон шуда, ҷузъиёти онро 7-уми январ хабаргузории "Азия-Плюс" нашр кардааст.

Ба қавли манбаъ, модар дар содир намудани куштор бо бераҳмии махсус айбдор дониста шудааст. Вокуниши ин зан ва наздиконаш ба қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест. Мақомот сабаби содир шудани ҷиноятро асабонияти модар аз рафтори кӯдаконаи духтараш гуфтанд.

"Субҳи 13 сентябри соли 2025 Ситора Бобоева ба тозакунии оғил машғул будааст. Духтараш Мавлуда назди ӯ омада, ширинӣ талаб мекунад. Ба ваъдаи модараш, ки баъди кор ба ӯ ширинӣ медиҳад, кӯдак пофишорӣ карда, гиря мекунад. Зан иқрор шудааст, ки худро идора карда натавониста, кӯдакро латукӯб ва баъдан бо пӯшонидани селофан ба сараш ӯро буғӣ кардааст", - навиштааст "Азия-Плюс".

Баъдан Бобоева ҷасади духтарашро пинҳон намуда, аз бедарак шудани духтарчааш эълон мекунад. Манбаъ мегӯяд, Ситора Бобоева шабона ҷасади духтарашро ба канали деҳа партофтааст ва ҷасади кӯдакро чор рӯз баъд ёфтаанд. Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар бадани кӯдак аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кардааст.

Соли 2025 чанд ҳодисаи марги наздикон аз сӯи падару модаронашон расонаӣ шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Падаре, ки писарашро ба мошин баста буд, 25 сол гирифтАз се кӯдаке, ки модарашон дар Қубодиён бо корд захмӣ кард, як нафараш дар ҳолати сангин қарор дорадМуовини раиси Фархор: "Тафтиш сабаби даст ба куштори фарзандон задани Ҳалимоваро маълум мекунад"