Сокини Ваҳдат барои захмӣ кардани муҳоҷири афғонистонӣ зиндонӣ шуд

Маркази шаҳри Ваҳдат

Додгоҳи Ваҳдат як сокини 22-солаи ин шаҳрро барои захмӣ кардани муҳоҷири афғонистонӣ панҷ сол зиндонӣ кардааст. Ҳодиса моҳи феврали имсол рух дода, додгоҳ 23-юми июн ҷузъиёти ҳукмро ошкор намуд.

Ба гузориши додгоҳ, ин ҷавон “бо сабаби дуруст салом накардан”, ба шиками муҳоҷири афғонистонӣ як корд задааст. Шаҳрванди Афғонистонро “бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар шифохонаи марказии шаҳр бистарӣ” кардаанд.

Мавқеи ҷавон ва наздикону вакили мудофеаш ба мо маълум нест. Дар хабари расмӣ омадааст, гуё ҷавон дар додгоҳ аз кардааш пушаймон шуда, муҳоҷири афғонистонӣ низ аз гуноҳи ӯ гузаштааст. Бо вуҷуди ин, додрас ҷавонро бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ ба панҷ сол зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Тоҷикистон мизбони беш аз нуҳ ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аст, ки бештарашон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.

Ба гузориши Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури гурезагон (UNHCR), мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то 15-уми майи имсол 882 афғонистониро ба кишварашон ихроҷ кардаанд. Аз ҷумла аввали моҳи майи имсол баъди боздошти як муҳоҷири афғонистонӣ бо иттиҳоми куштори зане дар Хуҷанд, даҳҳо оилаи паноҳҷӯёнро аз Тоҷикистон ронданд.