"Чор моҳ боз бенишон аст." Собирҷон аз зиндони Волгоград куҷо шуд?

Акс аз бойгонӣ

Наздикони Собирҷон Ғаниев, шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон, гуфтанд, ки ӯ 11 моҳ пеш аз зиндони Волгоград ба ҷанги Русия дар Украина бурда шуда, чаҳор моҳи охир "куллан бенишон аст". Намедонанд, ӯ зинда аст, мурда ё асир афтодааст.

Яке аз хешовандони Собирҷон, ки дар Русия қарор дорад ва ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад, 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зодаи шаҳри Хуҷанд соли 2018 барои кор ба Русия рафта, аммо баъдан бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд.

"Давраи ҷазоро дар маҳбаси Волгоград адо мекард. Аз ҳамон ҷо ба ҷанг бурда шудааст," – гуфт мусоҳиби мо, вале афзуд, шароити ба майдони даргирӣ рафтани Собирҷон Ғаниевро намедонанд.

Пайвандон барои ёфтани Собирҷон ба мақомот дар Русия муроҷиат карда, то кунун посухе нагирифтаанд. Радиои Озодӣ ному насаби ӯро дар феҳраст ё рӯйхати зархаридон, ки тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина тартиб додааст, пайдо накард.

"Дар моҳҳои аввали ба ҷанг рафтанаш бо мо тамос дошт. Шароити рафтанро нагуфт. Чаҳор моҳ боз аз ӯ ягон хабар нест," – илова кард мусоҳиби мо дар Русия.

Бори аввал нест, ки зиндониёни тоҷик ё маҷбурӣ ё бо ваъдаи афв аз зиндони Волгогради Русия ба ҷанг алайҳи Украина бурда шудаанд.

Инро ҳам бинед:

"Моро ба мурдан мебаранд." Додхоҳии зиндониёни тоҷик дар Русия

Рӯзи 30-юми октябри имсол гурӯҳе аз шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон аз маҳбаси Волгоград ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки зиндонбонҳо онҳоро зери фишор қарор додаанд, то бо артиш қарордод имзо кунанд. Мақомоти зиндони Волгоград ҷалби маҷбурии зиндониёнро ба ҷанг рад карданд, аммо зиндониён дертар гуфтанд, вазъ бадтар шуда, ҳоло фишор барои рафтан ба ҷанг сахттар гаштааст.

Ин гурӯҳи маҳбусон гуфта буданд, ки танҳо аз як зиндони Волгоград дар як соли гузашта беш аз 100 маҳбус аз Осиёи Марказӣ, ки дар миёнашон тақрибан 40 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд, ба ҷанги Украина фиристода шуда, “ягон нафар зинда намонд.” Мақомоти Тоҷикистон ба ин хабарҳо вокуниш накардаанд.

Русия дар ҷанги васеъмиқёсе, ки аз соли 2022 алайҳи Украина пеш мебарад, ҳазорон шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистонро ҷалб карда, то кунун хабари кушта шудани садҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.

Ҳарчанд Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати шаҳрвандонаш дар низоъҳои мусаллаҳона ба нафъи кишварҳои дигар аз 12 то 20 сол зиндон муқаррар кардааст, то кунун ягон нафар барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ дар бораи ҳузури тоҷикистониҳо дар ҷанги Украина изҳори бехабарӣ кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Вобастагӣ аз Кремл". Чаро мақомот ҳузури тоҷиконро дар ҷанг эътироф намекунанд?