"Шумо шаҳрванди одӣ нестед." Соати ҳушманди як генерали эронӣ баҳс барангехт

Ғуломризо Ҷалолӣ

"Магар телевизиони хонаатон ҳушманд нест? Мо ҳам мисли ҳамон!" Ин посухи Ғуломризо Ҷалолӣ, яке аз фармондеҳони баландпояи Эрон, ба пурсише дар бораи хатарҳои амниятии истифода аз соати ҳушманди ӯ дар шароити кунунии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Мавзӯи соати дасти Ҷалолӣ ҳафтае пеш расонаӣ шуд.

Дар пайи кушта шудани чанд мақоми баландпоя, аз ҷумла Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрико ва Исроил, ин мавзеъгирӣ ба интиқоди густурда доман задааст. Дар кишваре, ки ҳар лаҳза мумкин аст бори дигар оташи ҷанг дар он шуълавар шавад.

Ҷалолӣ дар посух ба суоли дубораи хабарнигор дар бораи ин ки "ин соати ҳушманд барои мақомот хатарзо нест?" талош кард, ки масъаларо камаҳамият ҷилва диҳад ва гуфт: "Алъон шароити ҷанг аст ё сулҳ? Ҳавопаймо парвоз мекунад ё на?"

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ба вижа дар солҳои охир ҳадафи чандин нуфуз ва рахна дар лоя ё сатҳҳои амниятияш қарор гирифтааст; аз сирқат ё дуздида шудани асноди ҳастаӣ дар соли 2018 то террори Исмоил Ҳания, раҳбари созмони фаластинии "Ҳамос" (Амрикову Аврупо гурӯҳи террористӣ медонанд) соли 2024 дар дохили Эрон.

Аммо ҳеч яке аз онҳо ба андозаи рӯзи аввали ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон харобиовар набудааст, замоне ки Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ ва чандин мақоми баландпояи амниятӣ ва низомӣ кушта шуданд.

Нашрияи "Financial Times" дар як гузорише навишт, Исроил бо рахна кардани дурбинҳои роҳ ва нуфуз ба шабакаи телефони ҳамроҳ дар Теҳрон тавониста буд, ҷойи Хоманаӣ ва фармондеҳонеро, ки бо ӯ ҷаласа доштанд, пайдо кунад.

Дуруст аст, ки ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба хоки Эрон дар ҳоли ҳозир камобеш боздошта шудааст, аммо ҷанг ҳанӯз ба таври расмӣ поён наёфта ва дар ҳоле вориди ҳаштумин моҳи худ шуда, ки дипломатҳо ҳанӯз саъй мекунанд роҳе барои хуруҷ аз он пайдо кунанд.

Дар ин фазо ва мавқеият дидани соати ҳушманд бар дасти генерал Ғуломризо Ҷалолӣ, раиси Созмони падофанди ғайриомили Эрон, ҳассосиятбарангез шуд ва боис гардид, ки мунтақидони ӯ таъкид кунанд, ки фарде дар ин ҷойгоҳ бояд беш аз инҳо муроқиби хатарҳои амниятӣ бошад.

Вебсайти хабарии "Тобнок" дар мақолае дар ҳамин замина навиштааст: "Оқои Ҷалолӣ! Шумо як шаҳрванди одӣ нестед, ки бигӯед мардум ҳам телевизиюнҳои ҳушманд доранд ва мавзуъро тамом кунед. Масъулияти шумо талаб мекунад, ки беш аз дигарон нисбат ба нуфуз, ҷосусӣ ва ҳар абзори эҳтимолӣ барои ҷамъоварии додаҳои ҳассос ҳушёр бошед."

Пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии "Рӯзи нав" бо ишора ба кинояи мавҷуд дар ин моҷаро навиштааст: "Ҷолиб ин ки ҷиддитарин мунтақиди истифодаи масъулон аз абзорҳои ҳушмандро лозим нест дар миёни коршиносони амнияти сайберӣ пайдо кард; худи Ғуломризо Ҷалолӣ солҳои қабл чунин ҳушдоре дода буд."

"Рӯзи нав" ба нақл аз худи Ҷалолӣ навиштааст: "Мо дастуруламале таҳия кардаем барои ин ки масъулоне ки ба иттилооти табақабандишуда дастрасӣ доранд, набояд аз гӯшиҳои ҳушманд истифода кунанд."

Ӯ афзуда буд, ки ҳадди имкон масъулон бояд барои умури идорӣ аз гӯшиҳои ғайриҳушманд истифода кунанд ва далели ӯ низ дақиқан амнияти иттилоотӣ буд. "Рӯзи нав" ёдоварӣ кардааст, ки ин фақат як ҳушдори мутааллиқ ба 11 сол пеш ҳам нест. Пас аз ҷанги 12-рӯза низ изҳороте аз Ҷалолӣ нашр шуда буд, ки дар он гӯшиҳои ҳушманд дорои "ҳадди ақал 18 осебпазирии муҳим" тавсиф шуданд.

Ҷалолӣ, ки соли 2015 бо фармони Алии Хоманаӣ, раҳбари вақти Ҷумҳурии Исломӣ, ба раёсати ин созмон интихоб шуд, қаблан ҳам чунин мавзеъгириҳо доштааст. Яке аз маъруфтарин онҳо дар тирамоҳои соли 2018 иттифоқ афтод, ки иддаои ҷанҷолии "дуздидани абрҳо ва барфҳои Эрон" тавассути Исроил ва Туркияро матраҳ кард.

Ҳамзамон, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси дигари мақомҳои низомии баландпояи Эронро бо соати ҳушманд мунташир карда, масъалаи тартибу назми амниятӣ дар миёни мақомҳои баландпояи ҳукуматро зери суол бурдаанд.