Сиёвуш Ҷунайдӣ шоири маъруфи тоҷик, ки солҳои ахир муқими Бишкек буд, пас аз 33 соли ғурбат барои ҳамеша ба Тоҷикистон баргашт. Дар фурудгоҳи Душанбе шумори андаке аз пайвандон ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон ба истиқболи ӯ омада буданд. Худи шоир гуфт, ки омаданаш "воқеаи ончунонӣ нест, ки сару садо эҷод бикунем".
Ӯ гуфт тайи ин солҳо борҳо ба Тоҷикистон меомад, вале ин бор "барои ҳамеша ба ватан баргашт".
Сиёвуш Ҷунайдӣ (Маҳмадалӣ Ҷалилов) аз насли шоирони навгӯ дар адабиёти тоҷик дониста мешавад, ки соли 1993 ба иллати ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда ва дар Қирғизистон зиндагӣ мекард.
Чанде аз дӯстони Сиёвуш Ҷунайдӣ ба пешвози ӯ омаданд
Ӯ дар нахустин лаҳзаҳои ба Душанбе омаданаш, дар фурудгоҳ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин шабу рӯз баргаштанаш ба Тоҷикистон "далели хосе" надорад, аммо ин ҳама сол ҳамеша ба умеди баргаштан зиндагӣ мекард ва чун фарзандонаш мактабу донишгоҳро хатм карданду хонадор шуданд, тасмим гирифт бо хонаводааш ба Душанбе баргардад.
Сиёвуш ҳамчунин гуфт, ки дар Ватан нақшаҳои зиёде дорад, вале "пешопеш аз гуфтани онҳо худдорӣ мекунам", аммо "дар робита ба баргузории маҳфили шаби шеъраш, агар хонанда воқеан аз ман ҳамчунин интизоре дошта бошад, ба ҷону дил омода ҳастам, посухи ин интизорашро бидиҳам".
Сиёвуш Ҷунайдӣ соли 1963 дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) вилояти Хатлон Тоҷикистон таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. То замони муҳоҷират ба Қирғизистон дар Маркази вилоятии омӯзиши фарҳанги мардум (Қурғонтеппа) ва ба унвони ёвари таҳиягари театр кор кардааст. Дар Бишкек дар Сафорати Эрон дар ин кишвар кор мекард.
Ӯ ҳамчунин гуфт, "ғурбати таҷрибаи мусбате нест, ки таъсири хубе ба як шоир ё як инсони одӣ бигузорад" ва агар ғурбат намебуд "шояд дарунмояи шеъраш дигаргунтар" мебуд.
Дар пайи ҷангии шаҳрвандии Тоҷикистон тайи солҳои 1992-1997, ки қурбониёни он 150 ҳазор ҳисоб шудааст, ҳамчунин беш аз 1 миллион сокини кишвар низ муҳоҷир ва гуреза шуд, ки дар миёни онҳо фарҳангиёну шоиру нависандаҳо низ буд. Ҳоло Сиёвуш Ҷунайдӣ мегӯяд, ки бо баргаштан ба кишвар "имтиёзи хосе намехоҳад", зеро "ин ки шоир дар ватан ҳаст, ин дигар ҳама чиз аст, ҳама чиз барояш муҳайёст".
Ҷумъаи Мирзо, Қурбони Собир ва Сиёвуш Ҷунайдӣ
Сиёвуш Ҷунайдӣ муаллифи маҷмуаҳои гуногуни шеър аст. Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи "Ғамгинтар аз борон" дар соли 2004 ба нашр расидааст.
Ашъораш дар Эрон, Афғонистон, Русия ва Қирғизистон низ ба табъ расидаанд. Ӯ ҳамчунин муаллифи осори драмавӣ низ ҳаст, ки нахустин намоишномаи ӯ бо номи "Фариштаҳо" ҳанӯз дар соли 1990 аз сӯйи Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба саҳна гузошта шудааст.