Бо Эрон, Амрико, Русия ё Украина? "Дарҳои боз" ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоёнаш аз Эрону Украина

Қарор аст, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид сухан гӯяд, вале ӯ то ин дам бо чанд дипломати баландпояи хориҷӣ диду боздидҳое анҷом додааст.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 23-юми сентябр дар Ню-Йорк бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ гуфтугӯ дошт. Дар дафтари матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар мулоқоти ду вазир “рушди муносибатҳо, ҳамкориҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, инчунин, вазъи сиёсию амниятии минтақа” баррасӣ шуд.

“Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бар пояи дӯстӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила рушд ёфта, ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба манфиатдоранд,” – афзуд манбаъ.

Тоҷикистон бо Эрон бахусус дар моҳҳои охир ҳамкориҳои танготангу наздике барпо карда, мегӯяд, бахши муҳими ин ҳамкориҳо ба тақвияти додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодӣ пайванд дорад.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки низои Амрикову Эрон ҳанӯз идома дорад. Президенти Амрико Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар бо Эрон ба созиш нарасанд, метавонад онро “комилан нобуд кунад”. Дертар раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ “террорист нест” ва аз фанноварии сулҳомези ҳастаӣ даст намекашад.

Зоҳиран низоъҳои идомаёбанда дар чанд гӯшаи ҷаҳон – Ховари Миёна ва ҳам Украина – яке аз мавзуъҳои калидии мавриди нигаронӣ ва таваҷҷуҳи раҳбарони ҷаҳон дар Ню-Йорк мебошад. Тоҷикистон ҳамаи ҷонибҳоро ба ҳалли дипломатӣ ва сулҳомез даъват кардааст.

Яке дигар аз мулоқоти дипломати аршади Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо ҳамтои украиниаш буд. Вазири корҳои хориҷии Украина Андрий Сибиҳа рӯзи 22-юми сентябр дар паёме дар шабакаи “Х” навишт, бо Сироҷиддин Муҳриддин азсаргирии кори Кумисюни муштараки байниҳукуматӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими тиҷоратиро баррасӣ кардаанд.

“Украина эҳтироми Тоҷикистонро ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии мо қадр мекунад. Мо омодаем ба муносибатҳои Украина ва Тоҷикистон такони нав бахшем,” – афзуд Сибиҳа. Душанбе ягон шарҳ надод. Ҷанги Русия, шарики стратегии Тоҷикистон, бо Украина наздик ба панҷ сол боз давом дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Осиёи Миёна дигар мунтазир намемонад." Афғонистону Покистон ба ҷойи Эрон?

Сафир: “Ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико густариш меёбанд”

Ҷудо аз ин диду боздидҳо, сафорати Тоҷикистон дар Амрико дар саҳифааш дар Фейсбук аз “суҳбати кӯтоҳ”-и сафир Завқӣ Завқизода бо фиристодаи вижаи президенти Амрико Стив Виткофф ва сенатор Стив Дейнс хабар дод. Виткофф дипломати калони амрикоӣ дар музокираҳо бо Русия ва Украина мебошад ва рӯзи 23-юми сентябр аз гуфтушунид бо ҳайати эронӣ ҳам, ки ҳадафаш хатми низоъ мебошад, изҳори қаноатмандӣ кард.

Маълум нест, оё ин мавзуъ дар дидор бо Завқизода садо додааст ё на, вале ба навиштаи сафорати Тоҷикистон, ҷонибҳо дар бораи “густариши ҳамкориҳои дутарафаи иқтисодию тиҷоратӣ” суҳбат кардаанд.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Амрико Завқӣ Завқизода бо намояндагони Иёлоти Муттаҳида

Завқӣ Завқизода дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамкориҳои мо дар ҳама сатҳҳо бобарор пеш мераванд. Аз матбуот ҳам хабар доред, ки имсол фиристодаи махсуси президенти Амрико Серҷио Гор ба Тоҷикистон рафт ва ҳам ду бор бо ҷаноби президент вохӯрд. Ба мо ҳам супориш шудааст, ки ҳамкориҳоро бо ИМА густариш диҳем.”

Иёлоти Муттаҳида дар давраи президент Доналд Трамп бо минтақаи Осиёи Марказӣ робитаҳои бесобиқа наздик барпо намуд ва ин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби маҳфили С5+1 (панҷ кишвари минтақа ҷамъи Амрико) дар сатҳи ҳукуматҳои ин кишварҳо фаъолона пеш мераванд.

Амрико гуфтааст, дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъдан, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ бартарӣ медиҳад ва ҳарду ҷониб як сол пеш ба маблағи 3 миллиард доллар созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Инро ҳам бинед:

Тоҷикистон бо кадом кишварҳо дӯсту ҳамкори хубу наздик аст?

Муллоҷонов: "Аҳамияти Тоҷикистону Осиёи Марказӣ боло рафтааст"

Тоҷикистон, ки акнун дар байни ду низои бузурги ҷаҳонӣ, ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон ва ҷанги Русия бо Украина мондааст, мегӯяд, сиёсати “дарҳои боз”-ро пеша карда, бо ҳама ҷонибҳо ҳамкории наздик дорад.

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов гуфт, ба дидору гуфтугӯҳои дипломатҳои тоҷик бо мақомоти кишварҳое, ки бо ҳам дар ҳолати ҷанг ҳастанд, бояд ҳамчун ба намояндагони як кишвари Осиёи Марказӣ нигоҳ кард. Ин минтақа, ба бовари ӯ, ҳоло дар чашми бозигарони сиёсии байнулмилалӣ нақши муҳим касб кардааст.

Ӯ ба суоли ин ки Амрико, Эрон, Украина ва Русия аз Тоҷикистон чӣ мехоҳанд, гуфт: “Агар аз назари ИМА нигоҳ кунем, ин ҷо ҳамон барномаи Трамп бо номи TRIPP ҳаст, ки як долони нақлиётии пайвандгари Осиёи Дур, Қафқоз ва Аврупо мебошад. Ин долон аз тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ гузашта, ба Озарбойҷон ва аз он ҷо ба Арманистони ҷанубӣ ва сипас ба Аврупо меравад. Ин пружа бо ташаббуси шахсан Доналд Трамп эҷод шудааст ва барои ӯ бисёр муҳим аст."

Парвиз Муллоҷонов

Таҳлилгари тоҷик гуфт, аз сӯйи дигар пайкори Маскаву Киев дар авҷ аст ва Русия роҳҳои фирорро аз таҳримҳо бо истифода аз Осиёи Миёна осон мегардонад. “Дар масъалаи Эрону Тоҷикистон масъала зиёд аст. Тоҷикистон дар талоши овардани сӯзишворӣ аз ин кишвар аст. Соле то 2 миллион тонна нафт. То ҳол 90 дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард. Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар ҳолати ногувор қарор доранд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ва Эрон ба сӯи ҳамдигар қадамҳои муҳиме гузоштаанд,” – афзуд Муллоҷонов.

Ин таҳлилгар гуфт, Тоҷикистон беихтиёр дар байни чанд ҷониб мондааст ва бояд дар ин ҳолат як тавозуни дурустро риоя кунад. “Ин вазъият ба фоидаи минтақа аст. Ҳам аз онҳо ва ҳам аз инҳо чизе ба даст оварем. Ин сиёсати бисёрсамтае аст, ки дар оғози солҳои 2000-ум эълон карда будем, вале имконияташ имрӯз фаро расидааст. Мо аз солҳои 1990-ум то ҳол аз се марҳила гузаштем. Марҳилаи аввал то аввали солҳои 2000-ум. Вақте минтақа пурра зери назари Русия буд. Баъди солҳои 2008-2009 ду бозигари калон дар минтақа ҳузур дошт – Русия ва Чин. Русия дар соҳаи амният бартарӣ дошт ва Чин дар иқтисод. Ҳоло марҳилаи сеюм аст. Акнун чанд бозигари нерӯманди дигар дар минтақа пайдо шуд. Мо метавонем дар ин вазъият ҳамон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ кунем,” – хулоса кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дидори вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон дар СММ