Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълон кардааст, ки то замони қабули ҳамаи талабҳои Теҳрон аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд. Изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран мақомоти эронӣ аз пешрафт дар музокирот бо Умон бар сари идораи тангаи Ҳурмуз хабар дода буданд.
Ҳусейн Муҳибӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорон 9-уми август дар барномае, ки аз тариқи Шабакаи Садо ва Симо пахш шуд гуфт, бастани тангаи Ҳурмуз идома меёбад.
"Дурнамо ё стратегияи кунунии мо нигоҳ доштани ин гулӯгоҳ аст, то душман ҳамаи шартҳои моро қабул кунад. Гулӯгоҳ ҳоло дар асл барои мо майдони ҷанг аст, на танҳо як роҳи обӣ", – афзуд Муҳибӣ.
Муҳаммадбоқир Зулқадр, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон шаш шарти Теҳронро барои боз кардани тангаи Ҳурмуз эълон кард. Поёни ҷанг ва ҳамлаҳои ИМА ба Эрон ва муттаҳидони Ҷумҳурии исломӣ дар Лубнон, Фаластин, Яман ва Ироқ, бардоштани муҳосираи баҳрӣ, хориҷ шудани нерӯҳои низомии ИМА аз атрофи Эрон, пардохти пурраи хисороти ҷанг, лағви таҳримҳо ва озодсозии дороиҳои масдудшудаи Эрон аз ҷумла шартҳои Теҳрон будаанд.
Тангаи Ҳурмуз яке аз оброҳаҳои муҳим барои интиқоли нафту газ аст ва то оғози ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, 20 дарсад нафти ҷаҳон аз ин масир интиқол меёфт.
Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Умон
Дар ҳамин ҳол Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ба хабаргузории Меҳр гуфт, музокироти Эрон ва Умон дар бораи убури киштиҳо аз гулӯгоҳ, дар "марҳилаи ниҳоӣ" қарор дорад ва ду тараф "ба тавофуқ бисёр наздик шудаанд".
Ароқчӣ гуфт, дар марҳилаи аввал дар бораи як масири муваққатӣ музокира мекунанд.
Бо вуҷуди пешрафт дар музокирот, Вазири корҳои хориҷаи Эрон таъкид кард, ки тавофуқ бо Умон ба маънои боз шудани тангаи Ҳурмуз нест. Аббос Ароқчӣ гуфтааст, боз шудани танга ба шароити дигар, аз ҷумла ба он чӣ Теҳрон "ҷуброни мавридҳои нақзи тафоҳумномаи Исломобод аз ҷониби ИМА" меномад, вобаста аст.
Ҷей Ди Вэнс, муовини раисиҷумҳури ИМА, 8-уми август дар суҳбат бо шабакаи Fox News гуфт, Эрон ба Вашингтон ваъда додааст, ки иҷоза хоҳад дод ҷараёни нафт ва газ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз ба сатҳи пеш аз ҷанг баргардад. Аммо Венс афзуд, ИМА то замони иҷрои амалии ин уҳдадориҳо ба ҳарфҳои Теҳрон эътимод нахоҳад кард.
Ҷей Ди Вэнс
"Ин ҳамон чизест, ки эрониҳо ба мо гуфтаанд, ки иҷро хоҳанд кард. Аммо медонед, мо ба онҳо бовар надорем... Эътимод намекунем, санҷиши иҷрои уҳдадориҳоро анҷом медиҳем", - таъкид кардааст муовини раиси ҷумҳури Амрико.
Мавзеъгирии мақомоти эронӣ бо арзёбии ҷониби Амрико дар рӯзҳои ахир фосилаи зиёде дорад. Як мақомдори амрикоӣ 7-уми август ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки Вашингтон интизор дорад ба зудӣ тавофуқе миёни Эрон ва Умон ҳосил шавад, ки имкон медиҳад ҳаракати бидуни монеа аз тангаи Ҳурмуз оғоз шавад. Ин мақом гуфта буд, дар сурати иҷрои чунин тавофуқ, ИМА низ муҳосираи бандарҳои Эронро лағв хоҳад кард.