Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди 28-уми июн эълон кард, ки дар посух ба зарбаҳои Амрико ба чанд нуқта дар Эрон, ба пойгоҳҳои ИМА дар Кувайт ва Баҳрайн ҳамла кардааст.
Дар баёнияи Сипоҳ омадааст, ин амалиёт байни соатҳои ду то сеи бомдод анҷом шуда ва ҳашт зерсохтори муҳими низомии Амрико дар ин ду пойгоҳ "нобуд" шудаанд. Ин иддао то кунун аз сӯи манобеи мустақил ё мақомоти амрикоӣ тасдиқ нашудааст.
Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна ё СЕНТКОМ дар паёми тозае дар шабакаи X навишт, дар вокуниш ба ҳамлаи паҳподии Эрон ба нафткаши "Кико", ба 10 ҳадаф дар дохил ва атрофи тангаи Ҳурмуз зарба задааст.
Як мақоми амрикоӣ 28-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба хабаргузории Ройтерз гуфт, Эрон ба самти кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Баҳрайн ва Кувайт чанд мушак ва паҳпод партоб кардааст.
Ба гуфтаи ин мақомдор, вазъият ҳамчунон дар ҳоли тағйир аст, аммо то кунун ҳеч гузорише аз талафоти нерӯҳои амрикоӣ ё хисороти қобили таваҷҷуҳ ба таъсисоти ИМА дар Ховари Миёна дарёфт нашудааст.