Швейтсария сафораташро дар Эрон муваққатан баст

Сафорати Швейтсария дар Эрон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария рӯзи 11-уми март эълон кард, ки бинобар идомаи ҷанг дар Ховари Миёна ва афзоиши хатарҳои амниятӣ, сафорати худро дар Теҳрон муваққатан мебандад.

Ба гузориши "Рейтерс", дар эъломияи ин вазорат гуфта шудааст, ки Швейтсария бо машварати ду кишвар ба ҳифзи хати иртиботи боз байни Амрико ва Эрон идома хоҳад дод.

Ҳукумати Олмон ҳам ба далели таҳдидҳои амниятӣ аз даргириҳои низомӣ дар Ховари Миёна, кормандони шуморе аз намояндагиҳои дипломатии худро дар минтақа, аз ҷумла, Эрон ва Ироқ кам кардааст.

Як сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи 11-уми март ба хабарнигорон гуфт, "кормандони намояндагиҳои Олмон бинобар вазъияти таҳдидомези феълӣ, муваққатан коҳиш дода шуданд", аммо ӯ нагуфт, ки ин афрод ба куҷо ва ё кадом кишвари дигар бурда шуданд.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд ва ҳанӯз идома дорад. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух бо мушаку паҳпод шуморе аз кишварҳоро дар Ховари Миёна ҳадаф қарор додааст.