Дар Эрон маросими видоъ бо раҳбари пешини ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ оғоз шуд. Ӯ, чанде аз аъзои оилааш ва як идда мансабдорони баландпояи Эрон 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба ҳалокат расида буданд.
Ҷасад ё пайкари Хоманаиро субҳи 3-юми июл ба Мусаллои Теҳрон, бузургтарин макони намозгузории сокинони пойтахти Эрон, оварданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ин маросим рӯзи ҷумъа ба Теҳрон рафт.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Масъулони ҷумҳурии исломӣ барномаи якҳафтаинаи видоъ ва хоксупории Хоманаиро таҳия намуда, умедворанд, ки дар он миллионҳо нафар иштирок мекунанд.
Тӯли даҳсолаҳои ҳукмронии Алии Хоманаӣ бисёре аз эронинён бо саркӯб, таъқиби сиёсиву иҷтимоӣ, таҳдид, боздошт ва ҳабс рӯ ба рӯ буданд.
Баъзеҳо хабари марги ӯро бо шодмонӣ дар мазҳари ом пазируфта, бо ҳукмҳои вазнин ва ҳатто таҳдиди эъдом мувоҷеҳ шудаанд.