Шӯрои интихоботии Венесуэла Мадуроро баранда эълон кард

Николас Мадуро

Шӯрои миллии интихоботии Венесуэла раисҷумҳур Николас Мадуроро барандаи интихоботи президентии ин кишвар эълом кард. Интихобот рӯзи 28-уми июл баргузор шуд.

Тибқи иттилои шӯро, бар асоси ҳисоби 80 дарсади варақаҳои раъйдиҳӣ Мадуро беш аз 51 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ба рақиби ӯ, намояндаи эътилофи мухолифони Венесуэла Эдмундо Гонсалес гуё 44% раъй додаанд.

Мухолифони Венесуэла бар инанд, ки натиҷаҳои интихоботи имсол ба монанди соли 2018 дасткорӣ шудаанд.

Venezuelan opposition leader Maria Corina Machado talks to the media next to opposition presidential candidate Edmundo Gonzalez Urrutia, following the presidential election results in Caracas on July 29, 2024.

Пурсишҳои пешазинтихоботӣ ва назарсанҷиҳои экзит-пол, ки аз сӯи ширкати амрикоии "Edison Research" анҷом шудааст, номзади мухолиф Гонсалесро баранда номида буданд.

"Натиҷаҳоро намешавад пинҳон кард. Кишвар тағйиротро бидуни хушунат пазируфт", - навишт Гонсалес пас аз анҷоми раъйдиҳӣ ва пеш аз нашри натиҷаҳои расмӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” (Твиттер).

Мадуро баъд аз нашри натиҷаҳои расмӣ гуфт, пирӯзии ӯ тантанаи сулҳ ва субот дар Венесуэла аст.