Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия матни созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷикистониро тасдиқ кард.
Бар асоси ин санад, ки моҳи апрел порлумони Тоҷикистон низ онро тасдиқ карда буд, муҳоҷирони тоҷик як қисм ҳуҷҷатгузориро дар ватан анҷом медиҳанд.
Тибқи ин ҳуҷҷат, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои таҳсилоти касбии Русия омода карда мешаванд.
Ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон изи ангушт месупоранд ва аз ташхиси тиббии мутахассисони рус мегузаранд.
Нуктаи асосӣ дар ин созишнома ин аст, ки акнун Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ба таври гуруҳӣ муҳоҷиронро ба Русия мефиристад. Албатта шаҳрвандон худашон мустақилона ҳам метавонанд барои кор ба Русия раванд.
Ин санад ҳамчунин таъсиси намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистонро дар кишварҳои ҳамдигар пешбинӣ мекунад.
Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Муҳоҷирони тоҷик солҳои ахир аз фишор, шиканҷа ва рейдҳои пайвастаи пулиси Русия шикоят мекунанд.