Видеои ҷасади чанд марди сафедпӯст, сарбозони Малӣ ва мошинҳои вайроншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Аз ин пеш, 26-уми июл, артиши Малӣ гуфт, ки дар ҳамлаи шӯришиён ду сарбоз кушта ва даҳ нафар захмӣ шуданд.
Ба иттилои расмӣ, ду мошини зиреҳпӯш ва ду мошини борбар низ корношоям гардиданд.
Артиши Малӣ баръакс иддао кард, ки нерӯҳояш тақрибан 20 шӯриширо кушта ва чанд мошинро нобуд карданд.
Мақомоти низомии Мали, ки дар табаддулоти солҳои 2020 ва 2021 қудратро ба даст гирифтаанд, муддатҳо боз бо шӯришиён дар ҳоли набард ҳастанд.
Зархаридони гурӯҳи муздурии “Вагнер” дар чанде аз ҷангҳо, аз ҷумла ҷанги Русия дар Украина ширкат доранд. Раҳбари он, Евгений Пригожин, дар моҳи августи соли 2023 ҳангоми афтодани ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса баъд аз ду моҳи ошӯби нофарҷом ба раҳбарии ӯ дар Русия иттифоқ уфтод.