Мақомоти Судон гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои низомӣ дар ин кишвар ба 46 кас расид. Даҳ нафар дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми феврал рух дод.
Пештар хабаргузории "Reuters" бо такя ба изҳороти артиши Судон хабар дод, ки ҳавопаймои низомии Антонов суқут кардааст.
Дар баёния гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса низомиён ва ғайринизомиён ҷон бохтанд.
Ҷанг дар Судон байни артиш ва ниманизомиён (Нерӯҳои ҳимояти сареъ) дар моҳи апрели соли 2023 оғоз ёфт.
Бар асари ин ҷанг даҳҳо ҳазор кас кушта ва бино ба омори Созмони Милал зиёда аз 12 миллион нафар беҷо шудаанд.