Мақомҳои Непал ва Чин эълон карданд, шумори нопадидшудаҳои сели вайронгари минтақаи Ҳимолой ба наздик ба се ҳазор нафар расида, то кунун ҷасадҳои 633 қурбонӣ пайдо шудааст.
Ин сел, ки рӯзи 26 август дар пайи кандани як яхпора оғоз шуд, ҳаҷми бузурге аз об, ях, санг ва гилу лойро ба сӯи деҳаҳо, пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ-обии минтақаҳои марзии Непал ва Тибет равона кард.
Дар Непал 626 нафар кушта ва 2426 нафар, аз ҷумла, садҳои шаҳрванди хориҷӣ нопадид шудаанд. Мақомҳои Чин низ аз ҳалокати ҳафт нафар ва нопадид шудани беш аз 550 тан дар Тибет хабар додаанд.
Бисёре аз нопадидшудаҳо, зоирони ҳиндӣ дар масири як кӯҳи барои пайравони ин дин муқаддас ва кормандони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ҳастанд. Артиши Непал ҳамчунин дар талош аст беш аз 100 нафар гирифтор дар тунели як нерӯгоҳро наҷот диҳад.
Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот рӯзи 29 август бинобар борандагӣ ва тумани ғафс дар бахшҳое аз Непал, мутаваққиф шуд. Ҳукумати Непал хостори кӯмаки фаннии хориҷӣ барои наҷоти афроди гирифтор дар тунелҳо, шиносоии қурбониён, озмоишҳои генетикӣ ва бозсозии роҳҳо ва шабакаҳои иртибототӣ шудааст.
Вазорати молияи ин кишвар ҳаҷми хисороти бозсозии минтақаҳои вайроншударо чаҳор то панҷ миллиард доллар бароварда кард.
Салиби Сурх эълон кардааст, ки мумин аст ҳудуди 93 ҳазор нафар аз ин фоҷеа осеб дида бошанд ва бо идомаи амалиёти ҷустуҷӯ, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён вуҷуд дорад.
СММ эълон кардааст, ки нерӯ ва таҷҳизот барои кӯмак ба минтақаҳои осебдида мефиристад.
Амрико низ гуфтааст, як мушовири вокуниш ба ҳодисаҳои табиӣ ба минтақа мефиристад ва 500 ҳазор доллар кӯмак ҷудо мекунад.
Ҳинд эълон кард, амалиёти имдодро бо ҳукумати Непал ҳамоҳанг мекунад ва Кореяи Ҷанубӣ низ аз фиристодани як тими зудамал хабар додааст.