Шумори кушташудагони ҳамлаи Амрико ба Яман ба 74 тан расид

Яман пас аз ҳамлаи Амрико.

Гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-и Яман (ҳусиҳо) мегӯяд, шумори кушташудаҳо дар ҳамлаҳои артиши Амрико дар рӯзи 18 апрел ба як бандари муҳими маводи сӯхт, ба 74 нафар расид.

Ба гуфтаи ҳусиҳо, дар ин ҳамлаҳо 170 нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки ҳамла ба бандари "Раъс Исо" дар соҳилҳои Баҳри Сурх, ба ҳадафи қатъи таъмини энержӣ ва пул барои ҳусиҳо анҷом шуд.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми марти имсол ҳамларо алайҳи шӯришиёни ҳусии Яман сар кард. Амрико шӯришиёни ҳусиро як гурӯҳи террористӣ медонад.

Қабл аз он Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дода буд, ки агар ҳусиҳо ҳамларо ба киштиҳои Иёлоти Муттаҳида ва мушакпарониро ба хоки Исроил бас накунанд, дӯзах ба сарашон чаппа хоҳад шуд.

Шӯришиёни ҳусӣ тайи тақрибан ду соли охир даҳҳо бор ба киштиҳо ҳамла кардаанд, ки ду киштӣ ғарқ ва чаҳор киштибон кушта шуданд.

Ин амр ҷараёни тиҷорат аз роҳи Баҳри Сурхро бисёр коҳиш додааст. Ҳусиҳо ҳамчунин чандин ҳамлаҳо алайҳи киштиҳои ҷангии Амрико анҷом додаанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи ин гурӯҳ, рӯзи 18 апрел иддао кард, ки нерӯҳои он бо истифода аз паҳбод ва мушак, бори дигар киштиҳои ҳавопаймобари Амрикоро ҳадаф қарор доданд.

Амрико ё манбаъҳои мустақил ин иддаоро тасдиқ накардаанд.