Шумори афзуни қурбониёни ҳамла ба масҷиди шиаён дар Исломобод. Э.Раҳмон таслият гуфт

Дар натиҷаи яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳои маргталабона дар як масҷиди шиаёни Покистон, ки рӯзи 6 феврал рух дод, дастикам 31 ширкатдори намози ҷумъа ба ҳалокат расид.

Ин ҳамларо яке за пурқурбонитарин дар давоми солҳои охир меноманд. Мақомот гуфтанд, ки инчунин 170 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар масҷиди Тарлай дар канораҳои Исломобод рух дод. Дар наворҳои видеоие, ки баъди ин ҳамла нашр шуданд, ҷасадҳои зиёди кушташудаҳо дида мешавад.

Ирфон Мемон, як намояндаи мақомоти маҳаллӣ бо нашри изҳороте гуфт, “дар маҷмӯъ 31 нафар ҷони худро аз даст додааст. Шумори онҳое, ки ба бемористон бурда шуданд, 169 нафар мебошад”.

Як шоҳиди ҳодиса бо номи Аун Шоҳ гуфт, ду ҳамлагар аввал ба сӯи муҳофизони масҷид тир кушоданд. Баъзе намозгузорон бо мақсади гирифтани пеши роҳи ҳамлагарон ба сӯи онҳо шитофтанд. “Ҳамон лаҳзае, ки ҳамлагарон ба назди дарвозаи масҷид наздик шуданд, яке аз онҳо худро тарконд”, гуфт Шоҳ дар сӯҳбат бо Радио Машъал - Бахши покистонии Радиои Озодӣ.

Ҳамла ба як масҷиде дар Исломобод, ки назар ба дигар минтақаҳо бештар муҳофизат мешавад, як ҳодисаи камназир аст. Вале минтақаҳои шимолуғарби Хайбар Пахтунхва ва ҷанубуғарби Балуҷистон шоҳиди ҳодисаҳои зиёди ҳамлаҳои шӯришиёни исломӣ ва ҷудоиталабони қавмӣ мегардад, ки дар онҳо маъмулан ҷангиёни Толибони Покистон ва ҷудоиталабони мадании Балуҷ бо нирӯҳои амниятии Покистон дар ихтилоф ҳастанд.

Масъулияти ҳамла ба масҷиди Исломободро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба номи президент ва сарвазири Покистон - Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф рӯзи 7 феврал ин ҳамлаи террористиро маҳкум карда ба хонаводаҳои фавтидагону осебдидагон таслият баён кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро ДОИШ шаҳрвандони Чинро дар Афғонистон ҳадаф гирифтааст?Мақомоти Покистон мегӯянд, 145 ҷангҷӯро дар Балучистон куштанд