Тирандози Маскав як хонандаи аълохон будааст (2 ВИДЕО)
Дарвозаи мактаби рақами 263-юми Маскав
Як хонандаи мактаб дар Маскав рӯзи 3 феврал бо силоҳ ба дарс омада, як омӯзгор ва беш аз 20 хонандаро муддати 2 соат дар яке аз синфхонаҳо гаравгон гирифтааст.
Тафсилоти расида дар бораи қазияи тирандозӣ ва гаравгонгирӣ дар мактаби рақами 263-юми шаҳри Маскав ҳокист, ки тирандоз як хонандаи ҳамин мактаб буд, баъд аз зӯҳри 3 феврал бо камон ба мактаб омадааст. Ин хонанда як омӯзгор ва беш аз 20 хонандаи синфҳои болоии ҳамин мактабро дар яке аз синфхонаҳо муддати беш аз 2 соат гаравгон гирифта, тирандозӣ ҳам кардааст.
Ин қазияи гаравгонгирӣ дар минтақаи Отрандное пойтахти Русия рух дода, бино ба хабарҳо, аз тири ҳамлагар чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шудаанд. Вале шумори қурбониҳои ин фоҷиа ҳанӯз мушаххас нашудааст. То ҳол танҳо хабари ҳалокати як омӯзгор ва посбон ё корманди пулис тасдиқ шудааст.
Мақомоти вазорати умури дохилаи Русия мегӯянд, ки "ҷинояткорро безарар гардондаанд." Аммо ҳанӯз маълум нест, ки зери мафҳуми "безарар гардондан" чӣ нуҳуфтааст?