Ширкати чинӣ калонтарин қарздор аз буҷаи Тоҷикистон

Дафтари марказии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор

Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ба қарздори асосӣ дар назди буҷаи Тоҷикистон табдил шудааст.

Ба гузориши нави Кумитаи андоз, ин ширкати чинӣ аз молиёт (андоз) 243 миллион сомонӣ баробар ба 26 миллион доллар қарздор аст.

Намояндагони Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин масъаларо шарҳ надодаанд.

Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар вилояти Суғд ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли консентрати сурб ва руҳ машғул аст. Кони истихроҷи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар ҳудуди ноҳияи Масчо ва дафтари кориаш дар ҳудуди шаҳри Гулистон ҷойгир аст. Ин корхона дар гузашта ҳам дар пардохти молиёт мушкил дошт. Соли 2024 дар пайи суст шудани фаъолияти ин корхонаи чинӣ, буҷаи ноҳияи Масчо ва шаҳри Гулистон иҷро нашуда буд.

Ширкатҳои чинӣ дар иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар бахши истихроҷи маъдан ҳузури густурда доранд. Ҳузури густaрдаи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ва вобаста шудани буҷаи кишвар ва ноҳияҳо аз ин корхонаҳо, дар гузашта нигарониҳоеро ба миён оварда буд.

Боз киҳо аз андоз қарздор ҳастанд?

Тибқи эълони Кумитаи андози Тоҷикистон, ба ҷуз Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин, нуҳ қарздори калон аз молиёт инҳоянд:

Талко-Голд 35 миллион сомонӣ ($ 3,7 млн)

"Кони ангишти Зиддӣ" 22,4 миллион сомонӣ ($ 2,4 млн)

"Тоҷагропромэкспорт" 15,1 миллион сомонӣ ($1,6 млн)

Кони "Фон-Яғноб" 12,3 миллион сомонӣ ($ 1,3 млн)

ҶСП "Индиго-Тоҷикистон" (Тселл) 11,1 миллион сомонӣ ($ 1,2 млн)

Ширкати алюминии "ТАЛКО" 10,2 миллион сомонӣ ($ 1,1 млн)

"Анвар тиҷорат" 6 миллион сомонӣ ($ 648 ҳазор)

"СТС Иншоот" 5,8 миллион сомонӣ ($ 627 ҳазор)

"Авесто 5" 5,6 миллионӣ сомонӣ ($ 605 ҳазор)

Назари раҳбарони ин ширкатҳо ба эълони Кумитаи андоз маълум нест.

Дар гузашта соҳибкорон ва намояндагони бархе ширкатҳо борҳо аз гаронии молиёт дар кишвар шикоят кардаанд. Мақомот баръакс меъёри андозҳоро муътадил номида, гоҳе аз пинҳокории соҳибкорон дар пешниҳоди даромаду пардохти андозҳояшон нигаронӣ мекунанд.

Фишору санҷишҳои зиёди мақомот аз шикоятҳои дигари соҳибкорон аст, ки сари чанд вақт садо медиҳад.