Шикояти як намояндаи "Гурӯҳи 24" аз фишори мақомот ба падараш

Акси Исломиддин Ашӯров аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Як узви "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот дар ноҳияи Вахш фишорро ба падару модараш зиёд кардаанд, то ӯ ва амакҳояш – Ҳасан ва Ҳусейн Ашӯровҳо – танқиди ҳукуматро бас карда, аз хориҷа баргарданд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст.

Исломиддин Ашӯров аз соли 2016 дар Аврупо қарор дорад. Амакаш, Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси Кумитаи иҷроия ва ҳамзамон масъули бахши равобити хориҷии “Гурӯҳи-24” аст.

“Барои бозгаштани мо ба Тоҷикистон ба падарам фишор овардаанд. Панҷ сол пеш низ маҷбур карда буданд. Падарам он вақт дар як видео ба амакҳоям гуфта буд, ки ба Исломиддин роҳи нодуруст нишон надиҳед ва монед, ба Тоҷикистон баргардад. Вале мо хуб медонем, ки агар баргардем, моро ҷазои сангин медиҳанд,” – гуфт Исломиддин Ашӯров рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, нисбат ба ӯ ва ду амакаш дар Тоҷикистон бо гумони “тундгароӣ бо истифода аз расонаҳо ва интернет” парванда боз шуда, аксҳояшон дар қатори шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар ноҳияи Вахш қарор дода шудааст.

Ҳусейн Ашӯров дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба худкомагӣ ва фишор ба фаъолону маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ, динӣ ва баён танқид мекунад.

Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам имконпазир набуд.

"Гурӯҳи 24" соли 2012 дар Русия таъсис ёфта, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.