Шикояти вакилони мудофеи Муҳаммадсобир Файзов дар Русия

Ин шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон 23-юми марти соли 2024 дастгир ва сипас бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба толори додгоҳ оварда шуд

Вакилони мудофеи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус”, гуфтаанд, ӯ тақрибан ду сол пеш ба таври бераҳмона дастгир шуда, осеби сахт бардошт ва ҳоло мехоҳанд, нисбат ба рафтори маъмурони интизомӣ шикоят кунанд. Дар ин бора расонаҳои Русия рӯзи 14-уми декабр гузориш доданд.

Ин шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон 23-юми марти соли 2024 дастгир ва сипас бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба толори додгоҳ оварда шуд. Бозпурсияш дар шуъбаи эҳё гузашт.

Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ӯ дар болои дарахт буда, ба талаби маъмурони интизомӣ барои фаромадан ба поин гӯш надодааст. Баъдан, ба нақли онҳо, нерӯҳои амниятӣ дарахтро буридаанд ва Муҳаммадсобир Файзов аз баландии 15-20 метр ба замин афтода, ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Вакилон бовар доранд, ки ҳангоми боздошти ӯ қонуншиканӣ сурат гирифтааст ва акнун талаб хоҳанд кард, ки ба аъмоли нерӯҳои қудратии Русия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Баррасии парвандаи ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол" дар наздикии Маскав моҳҳо боз дар яке аз додгоҳҳои пойтахти Русия идома идома дорад. 19 нафар, асосан зодагони Тоҷикистон, дар ин ҳодиса гумонзад ҳастанд.

Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд, вале хешовандони баъзе аз онҳо гуфта буданд, ки ба иттиҳом бовар надоранд.

Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024, 149 нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.