"Пул ҳаст, иҷоза нест." Манъи бозсозии як масҷиди Исфара аз баҳри чист?

Ин масҷид дар деҳаи Хушободи Исфара моҳи феврал оташ гирифт

Сокинони як деҳа дар Исфара шикоят доранд, ки мақомот барои таъмири масҷид дар маҳалли зисташон иҷозат намедиҳанд.

Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт. Мардум сабаби ҳодисаро ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд. Хулосаи оташнишонҳо ҳанӯз эълон нашудааст.

Ба гуфтаи муаллифи наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристод, мардум барои бозсозии масҷид пул ҷамъ кардаанд, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд.

Дилбар Қурбонова, раиси ҷамоати Хонобод, рӯзи чоруми апрел гуфт, “аввал хулосаи идораи сӯхторнишониро гиранд, баъд ин масъаларо дида мебароем. Мақомот онро ба Кумитаи дин мефиристанд. Баъди он ки Кумита иҷозат дод, таъмир оғоз мешавад. То ҷамъ шудани хулосаи инҳо вақт меравад."

Мақомоти шаҳри Исфара намегӯянд, ки хулосаи санҷиши идораи оташнишонӣ кай мерасад.

Сокинони деҳа шикоят доранд, ки бо сабаби набудани ибодатгоҳ маҷбуранд, барои адои намоз ба деҳаҳои ҳамсоя раванд.

Баъзе аз онҳо далели мақомотро барои ба таъхир гузоштани таъмири масҷид "ҳадафмандона" медонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро ба таъмири масҷиди сӯхта иҷозат намедиҳанд?


Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.

Аз ҷумла Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ моҳи март гуфт, ки соли 2024 вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон "ниҳоят бад" шуд. Мақомоти тоҷик дар гузашта ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.

Тибқи омор, дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷидро ба рӯйхат гирифтаанд. Як масҷид ба сари ду-дуним ҳазор кас.

Аксари онҳо масҷидҳои панҷвақта ҳастанд, вале сокинон ҳар чанд вақт аз душвории сабтином ва ё эҳтимоли баста шудани ибодатгоҳҳо шикоят мекунанд.