"Гарм намешавад." Шикояти сокинон аз хонаҳои сард дар чанд гӯшаи Душанбе

Бо фаро расидани сармо баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе аз кори Маркази гармидиҳӣ норозиянд. Ба гуфтаи онҳо, пули оби гармро ҳар моҳ ва саривақт месупоранд, аммо гармӣ то манзилашон намерасад. Мақомот низ ин гуна шикоятҳоро тасдиқ карда, ҳазамон мегӯянд, мушкил дар биноҳои истиқоматӣ аст, на дар марказҳои гармидиҳӣ.

"Пойҳо аз хунукӣ дард мекунанд"

Сокинони чанд бино дар маҳаллаи машҳур ба "ДОК" дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як моҳ мешавад, ки аз набудани гармӣ азият мекашанд. Мегӯянд, хонаҳояшон сард асту низоми гармидиҳӣ дуруст кор намекунад.

Заррина Алимаҳмадова, сокини ин маҳалла, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "пойҳоямон аз хунукӣ дард мекунад... Агар бовар накунед, бухориҳоро бинед, гармияшро намефаҳмед."

Мадина Бахтиёрова, сокини дигари ноҳияи Шоҳмансур, мегӯяд, қубури бино гарм аст, аммо ба қадре нест, ки хонаҳоро гарм кунад: "Дар қубур об меояд, лекин гарм нест. Дар ҳамин шароит боз пули оби гармро талаб мекунанд. Вақте дар хонаҳо оби гарм нест, мо чӣ хел пул пардозем?"

Шикоят аз хонаҳои сард танҳо маҳдуд ба биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои канори Душанбе нест. Ин мушкил ҳатто дар биноҳои маркази Душанбе низ вуҷуд дорад.

Як гурӯҳ аз сокинон дар хиёбони Рӯдакӣ-86 бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки бухориҳои манзилашон "тамоман гарм намешавад". Дар наворҳо дида мешавад, ки сокинон барои гарм кардани хона аз печҳои барқӣ истифода мебаранд.

Маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе

Мушкил дар Марказ аст ё дастгоҳҳои гармидиҳӣ?

Дар Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ фаъол аст, ки якеаш аз сӯи ширкати чинии "ТВЕА" сохта шудааст. Ҳардуи ин марказҳо зери назорати ширкати “Барқи тоҷик” кор мекунанд.

Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик”, 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кори ҳарду маркази гармидиҳии пойтахт ягон мушкил нест.

Масъулияти расондани оби гарм аз марказҳои барқу гармидиҳӣ то биноҳои истиқоматиро Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе бар уҳда дорад. Дар ин ниҳод ҳозир нашуданд, ки дар назди дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд.

Як намояндаи ин идора дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, онҳо ҳамон миқдор оби гармеро, ки аз марказҳои барқу гармидиҳӣ мегиранд, ба сокинон мерасонанд. Ин намояндаи Шабакаҳои гармидиҳӣ афзуд: "Нарасидани гармӣ дар баъзе аз манзилҳои сокинони Душанбе аз чанд омил вобаста аст. Мешавад, ки қубури ҳамон бино ё бухориҳо дар манзили сокинон мушкил дошта бошанд. Ҳар шикоят бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, мушкил дар ҷояш ҳал карда шавад".

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе расман дар охири моҳи октябр шуруъ шудааст

Мақомот камбуди гармиро дар хонаҳои мардум дар пойтахт рад намекунанд. Оҷонси назорат дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон моҳи ноябр баъд аз санҷише эълон кард, ки таъмини хонаҳои сокинон бо гармӣ дар шаҳри Душанбе ба қадри зарурӣ нест. Ба иттилои Оҷонсӣ, дар аксар маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе "меъёрҳои муқарраршудаи гармӣ риоя намегардад".

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, паст будани таъминоти гармӣ боис шудааст, ки сокинон барои гарм кардани манзилашон аз барқ истифода баранд ва ин ҳолат боиси сарборӣ дар хатҳои барқ шудааст.

Мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе охири моҳи октябр шуруъ шуд. Мақомот ва ҳам мутахассисон таъмини сокинонони баландошёнаҳоро бо гармӣ як роҳи сарфаи нерӯи барқ медонанд, вале масъала инҷост, ки мардум феълан ҳам аз норасоии барқ ранҷ мекашанд ва ҳам аз камбуди гармӣ.

Видео дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони Душанбе аз камбуди гармӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд