Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллае дар маркази шаҳри Хуҷанд даъво доранд, ки ҳанӯз хонаҳояшонро холӣ накарда, ширкати сохтмонии "Юсуфи Фирӯз" ва коршарики он "Рушди Хуҷанд" ба вайрон кардани бино пардохтааст. Қарор аст, дар ҷойи зисти онҳо манзилҳои бисёрқабата сохта шавад. Баҳси ҷонибҳо бар сари чист?
"Ҷое барои рафтан надорем"
"Биноро чаппа мекунанд. Мо дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. Дар ҷойи дигар хона надорем." Даврон Сангинов ва ҳамсояҳояш дар маркази шаҳри Хуҷанд аз кори як ширкати сохтмонӣ норозиянд. Онҳо мегӯянд, қариб як сол боз мавзӯи бунёди бинои нав дар ҷойи хонаҳояшон ҳаст, аммо ширкати бинокор барои кӯчидан ҳанӯз шароити муносиб фароҳам наовардааст.
"Даҳ моҳ пеш намояндагони ширкат омада, ваъдаҳои бисёр доданд, ки хонаҳоятонро бо пули нағз мехарем. То ҳол иҷро намекунанд. Ба мо мегӯянд, ба пули ночиз хона ёбед. Масалан, ними умри ман дар марказ гузашт ва мехоҳам дар ҳаминҷо хона харам. Инҳо не мегӯянд," – шиква кард Нурай Сангинова, сокини шаҳри Хуҷанд.
Баҳсу даъво бар сари ҳамин биност
Аъзои чанд оила мегӯянд, моҳҳо боз бо тарсу бим дар ин бино зиндагӣ мекунанд. Чун ба гуфтаашон ширкати бинокор бо баъзе аз соҳибони хонаҳо ба созиш расида, дару тирезаи онҳоро кандаву бому хати обро вайрон кардааст.
Машҳура Кенҷаева, яке аз сокинони норозӣ, гуфт: “Ин аҳволро бинед, бомро аллакай кандаанд. Таъмир карда будем, расво шуд. Як сол пеш таъмир карда будем. Ҷое барои рафтан надорем. Чизу чораамон дар ҳаминҷо аст. Дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем”.
“Ман метарсам. Дар хонаҳои холишуда шахсони бехонаву дар зиндагӣ карда истодаанд. Ҳар рӯз бо онҳо муноқиша мекунам ва ба милиса хабар медиҳам. Дар фасли зимистон дар як моҳ то 500 сомонӣ пули барқро додам, чунки хонаҳои паҳлӯи маро кандаанд ва аз чор тараф хунук медарояд. Ман дар як моҳ 1600 сомонӣ маош мегирам. Хонаҳоям батамом нам кашиданд,” – гуфт Муҳаррам Шарофова, сокини бинои ҷанҷолӣ.
Сокинон мегӯянд, ширкати бинокор аллакай бомро кандааст
Дар қарор чӣ гуфтаанд, дар амал чӣ?
Ин баҳс аз нимаи соли соли 2025 шуруъ шудааст. Замоне ки шаҳрдории Хуҷанд ба ширкати "Юсуфи Фирӯз" ва коршарики он "Рушди Хуҷанд" барои бунёди бинои нав иҷоза дод.
Дар матни қарор, ки Радиои Озодӣ онро дид, навишта шудааст, сокинон дар ивази хонаҳои худ бояд бо ҷойи нав таъмин гарданд ва ҳамзамон ба онҳо ҷуброн пардохта шавад. Шарте, ки ба гуфтаи сокинон аз ҷониби моликони ширкат то ин дам иҷро нагаштааст.
Нурай Сангинова гуфт: “Ҷонишини раиси шаҳр моро қабул карда, номи ҳар яки моро навишта гирифт. Меъмори шаҳрро оварда, гуфт, то хонаи ҳамин одамон ҳал нашавад, барои вайрон кардан иҷозат надиҳед. Инҳо тамоман гӯш намекунанд.”
Сокинони норозӣ мегӯянд, ин масъала то ба додгоҳ рафт, вале додраси шаҳри Хуҷанд қарорро ба фоидаи ширкати сохтмонӣ баровард.
Намояндагони ширкат омода нашуданд, ки дар назди дурбин ин масъаларо шарҳ диҳанд, вале дар суҳбати ҳузурӣ соҳибони хонаҳоро ба "зиёдаравӣ" танқид карданд.
Ин бинои бозмонда аз шӯравии собиқ аст
Бунёди биноҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бештар шудааст. Аксари ин биноҳоро дар ҷойи хонаҳои куҳна месозанд, ки боис ба норозигии соҳибони онҳо мегардад.
Аз як сӯ ширкатҳои бинокорӣ пули бештар додан намехоҳанд аз аз тарафи дигар соҳибони хонаҳо ба манзили хурду арзон рафтан намехоҳанд. Мақомот бештари вақт ё сукут ихтиёр мекунанд ё ҷониби ширкатҳои сохтмониро мегиранд, чун қарори бунёди биноҳоро маҳз худашон медиҳанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Хонаро чаппа мекунанд, ҷое барои рафтан надорем”