Шикори муҳоҷирон бо сагҳои бӯйгир дар ҷангалҳои Ленинград

Гурӯҳе аз муҳоҷироне, ки дар сохтмон кор мекарданд, ҳангоми рейди нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Ленингради Русия талоши фирор кардаанд. Дар ин бора пулиси Русия рӯзи 12-уми декабр бо нашри наворе хабар додааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки пулис бо сагҳои бӯйгир дар ду сохтмон дар деҳаи Мистоловои ноҳияи Всеволожск рейд мегузаронанд. Чанд нафар аз муҳоҷирон кӯшиш мекунанд, ки ба ҷангал фирор кунанд, аммо дастгир шудаанд.

Як муҳоҷири дигар худро аз ошёнаи дуввум ба замин ҳаво дод, вале дур рафтан натавонист. Дар маҷмуъ кормандони пулис ҳуҷҷатҳои тақрибан сад шаҳрванди хориҷиро тафтиш карда изи ангуштонашонро гирифтаанд.

Дар ин байн 20 муҳоҷиреро, ки бо санадҳояш мушкил доштааст ба шуъбаи пулис бурдаанд. Пулис гуфтааст, аксарияти онҳоро ихроҷ хоҳад кард. Ҳамчунин бархе аз муҳоҷирон, ки патенти корӣ доштанд, аммо забони русиро намефаҳмиданд санҷида мешаванд, ки чӣ гуна имтиҳони забондониро супоридаанд.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикори муҳоҷирон бо сагҳои бӯйгир дар ҷангалҳои вилояти Ленинград

Дар ҳамин ҳол ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат” таҳти раҳбарии Сергей Миронов як бастаи ислоҳот, ки усули ҷалби муҳоҷиронро ба куллӣ тағйир медиҳанд,ба Думаи Давлатӣ пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи намояндагони ин ҳизб, муқаррароти аслии ин тарҳ лағви низоми патентӣ, маҳдуд кардани муҳлати будубоши муҳоҷир дар Русия бо шартномаи меҳнатӣ ва гирифтани шохисҳои биометрӣ дар давоми 30 рӯзи баъди вуруд ба Русияро дар бар мегирад.

Илова бар ин, корфармоён бояд тамоми хароҷоти марбут ба сабти номи коргарони хориҷӣ дар мақомоти муҳоҷират, дарёфти иҷозаи кор, бимаи тиббӣ ва таъмин бо манзилро пардохт кунанд. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки вуруди хонаводаи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла ҳамсару фарзандон ба Русия манъ карда шавад.

Русия дар давоми ду соли охир аллакай даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирони кориро қабул ва бо ин роҳ даҳҳо ҳазор хориҷиро ихроҷ намуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта аз Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ронда шуданд. Эҳтимол меравад, ин адад ба маротиб бештар бошад.