Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), созмони байнулмилалии ҳомии озодии баён, номи раҳбарони 33 кишварро ба рӯйхати, ба гуфтааш, "Шикорчиёни озодии баён" ворид кардааст. Ин феҳрист 2-юми ноябр нашр шуд.
Дар он аз кишварҳои собиқи шӯравӣ исми раҳбарони Русия (Владимир Путин), Озарбойҷон (Илҳом Алиев), Беларус (Александр Лукашенко) ва Қазоқистон (Қосимҷомарт Тоқаев) ворид оварда шудааст.
Силоҳҳои онҳо гуногун аст, вале ҳадафашон як чиз – хомӯш кардани садои мустақил ва нақзи ҳуқуқ ба иттилоот...
Гузориш мегӯяд, Путин, Алиев ва Лукашенко, ҳамчунин Даниэл Ортега аз Никарагуа ва Ҳайбатулло Охундзода аз Афғонистон ба гурӯҳи раҳбароне шомил ҳастанд, ки пеши роҳи нашри хабарро дар кишварашон мегиранд.
Имсол ба ин гузориш ва ҳамин гурӯҳи раҳбарон номи президенти Амрико Доналд Трамп ва сарватманди амрикоӣ Илон Маск ҳам ворид шудааст. То ин лаҳзаҳо вокуниши онҳо ба рӯйхат маълум нест.
Номи Қосимҷомарт Тоқаев ҳамроҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Туркия дар гурӯҳи раҳбароне ворид шудааст, ки бо роҳҳои ҳуқуқӣ хабарнигоронро азияту озор медиҳанд.
Дар гурӯҳи раҳбароне, ки хабарнигоронро "мекушанд, зиндонӣ ва ҳамла мекунанд", номи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин, валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва президенти Миср Абдуфаттоҳ Ас-Сисӣ ва дигарон оварда шудаанд.
Муаллифон мегӯянд, феҳристи мазкурро 2-юми ноябр, дар Рӯзи байнулмилалии хатми беҷазоӣ барои ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон, нашр карданд.
"Ҳамаи ин афродро дар феҳристи "Шикорчиёни озодии баён" як чиз ба ҳам меорад: бадбинӣ ба озодии баён. Силоҳҳои онҳо гуногун аст, вале ҳадафашон як чиз – хомӯш кардани садои мустақил ва нақзи ҳуқуқ ба иттилоот,” -- навиштаанд муаллифон.