Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми солҳои 2021 то нимсолаи аввали соли 2025 аз шаҳрвандону сокинони ин кишвар 83 шикоят дар бораи шиканҷа дастрас кардааст ва 84% ин ҳолатҳо марбут ба амалҳои кормандони ВКД Тоҷикистон мебошад. Айни замон, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар муддати солҳои 2021-2024 ҳамагӣ 20 шикоят дастрас кардааст ва гуфтааст, санҷиши ин шикоятҳо аз ҷониби додситонии кулл “тасдиқи худро наёфтанд”.
Ин нукта дар бахши чоруми Гузориши муштараки ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон бо номи “Ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва озодӣ аз шиканҷа” омадааст, ки 11 август дар сомонаи Бюро оид ба ҳуқуқи инсон нашр шуд.
14 ҳолати ҷавобгарӣ барои шиканҷа
Муаллифони гузориш мегӯянд, “мушкили мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад. Давлат маълумоти комили омориро бар пояи шикоятҳо, тафтишот ва ҷубронпулиҳо нашр намекунад. Қонунгузорӣ мегӯяд, баёнотеро, ки бар пояи шиканҷаву дигар намуди муносибати бераҳмона ба даст меояд, эътироф намешавад. Бо ин вуҷуд, механизми кафолатдиҳандаи татбиқи ин қонун дар амал вуҷуд надорад”, омадааст дар ин гузориш.
Аз миёни 83 шикоят дар бораи шиканҷа, ки дар давоми чоруним соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, сухан асосан аз боздоштҳои ғайриқонунӣ, латукӯб, шиканҷа бо барқ, таҳдиди хушунати ҷинсӣ меравад
Худи Эътилоф мегӯяд, аз миёни 83 шикоят дар бораи шиканҷа, ки дар давоми чоруним соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, сухан асосан аз боздоштҳои ғайриқонунӣ, латукӯб, шиканҷа бо барқ, таҳдиди хушунати ҷинсӣ меравад. Дар паи таҳқиқи ин ҳодисаҳо, ба навиштаи гузориш, дар муддати солҳои 2021 то ноябри соли 2025 нисбати 14 корманди сохторҳои ҳифзи қонун ҳукмҳои додгоҳӣ содир шудааст.
Яке аз онҳо – 13 соли ҳабси Музаффар Маҳмудзода, муовини сардори яке аз шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе аст, ки барои шиканҷаи гумонбар ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Бемайлӣ аз боз кардани парвандаи “шиканҷа”
Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, “омор танҳо ҳодисаҳои пурсарусадоро фаро мегирад, на вусъати воқеии мушкилро. Ҳодисаҳои ҳабси бидуни тамос бо ҷаҳони беруна, гирифтани баёнот ё эътирофи ҷиноят зери шиканҷа, боздоштҳои маъмурӣ пеш аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз маъмултарин намунаҳо мебошанд. На ҳамеша аз рӯи моддаи 143.1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар заминаи шиканҷа парванда боз мешавад”, мегӯянд ҳомиёни ҳуқуқ.
Гузориш мегӯяд, “бо сабаби ин ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон моддаҳои ҷудогона дар бораи “муносибати бераҳмона” ваё “муносибате, ки шаъни инсониро паст мезанад” вуҷуд надорад, ингуна мавридҳо дар дохили ҷиноятҳои дигари мисли “ба худкушӣ расонидан”, “сӯиистифода аз мақом”, “берун рафтан аз ваколатҳои хидматӣ”, “хунукназарӣ” ва дигарҳо “ҳал мешавад”.
"2,5% пули талабшуда пардохт шудааст"
Нуктаи дигаре, ки дар гузориши ҳомиёни ҳуқуқ зикр шудааст, ин “номутаносиб будани ҳаҷми ҷуброни зарари шиканҷа” ба хонаводаҳои қурбониёни ин гуна ҷиноятҳо мебошад. Ба навиштаи гузориш, аз соли 2021 то 2025 ба додгоҳҳои Тоҷикистон 7 муроҷиат дар заминаи пардохти ҷуброн дар ҳаҷми умумии 1 миллиону 80 ҳазор сомонӣ (муодили 115 ҳазору 256 доллари амрикоӣ) ворид шудааст.
Дар парвандаи Абдуқаҳҳор Розиқов, ки шаби дуюми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод, ба ҷои 400 ҳазор сомонӣ ҷуброн, “танҳо 10 ҳазор сомонӣ, яъне, 2,5% пули талабшуда пардохт шудааст”. Дар парвандаи Ҳасан Ёдгоров, маъюби дараҷаи 2 ва як шахси шиканҷашуда бар ивази 400 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ ва 5949 сомонӣ зарари молӣ додгоҳ ба ВКД амр дод, ки танҳо 5 ҳазор сомонӣ, яъне танҳо 1%-и талабшуда пардохт гардад.
“Дар гирифтани ҷуброни молӣ ҷавоби рад дода шуда тадбирҳои барқарорсозии саломатӣ аз тарафи давлат пешбинӣ намешавад. Шахсони шиканҷашуда ба санҷиши тиббии саривақтӣ дастрасӣ надоранд, аз ин рӯ собит кардани он мушкил мешавад”, омадааст дар гузориш.
Шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ ё сохторҳои тафтишотии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои бисёрсолаи мавриди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад.
Гузориши Эътилофи зидди шиканҷа ҳар сари чанд вақт вазъи Тоҷикистонро дар заминаи мурооти ҳуқуқи инсон арзёбӣ мекунад. Ин таҳқиқот дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Конфедератсияи Швейсария ва Бюрои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон барпо мешавад.
Дар гузориши ахири Департаменти давлатии Амрико ҳам, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, шиканҷа чун яке аз намунаҳои барҷастаи идомаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои бастаи ин кишвар ёд шудааст.