Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп айвон туҳфа кардааст

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо Доналд Трамп, президенти Амрико

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, ба ҳамтои амрикоии Доналд Трамп айвон туҳфа карда будааст.

Нашрияи The New York Times рӯзи 21-уми август навишт, айвонҳои Узбекистонро, ки "ҳунармандона" сохта шудаанд, дар Боғи милии қаҳрамонони Амрико ҷой хоҳанд дод.

Ин боғ дар Вашингтон дар марҳилаи ибтидоии бунёд шудан аст ва тарҳаш ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Аз ин пеш, Қатар ба Доналд Трамп як ҳавопаймои боҳашамат ва Арабистони Саудӣ бабр ҳадя дода буданд.

Фурқат Сиддиқов, сафири Узбекистон дар Амрико, гуфтааст, туҳфаи президенти Узбекистон “рамзи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ” аст.

Пас аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шуд. Тирамоҳи соли гузашта, дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк, Трамп ва Мирзиёев мулоқот карда буданд.

Ду кишвар аз баста шудани созишномаҳои миллиарддолларӣ хабар доданд.

Мирзиёев гуфта буд, ки дар Узбекистон Трампро “президенти сулҳовар” медонанд. Трамп дар навбати худ Мирзиёевро “оқил” хонд.