160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати "муҳоҷирони зери назорат" дар Русия қарор доштаанд. Ба онҳо хатари ронда шудан ё депортатсия аз ин кишвар таҳдид мекунад.
Шариф Норзода, муовини якуми вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон, 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "аз ин теъдод 25 ҳазор танро ноболиғон ташкил медиҳанд, ки бо аъзои дигари оила дар Русия ҳастанд".
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, моҳи марти соли 2025 гуфт, ниҳоди зери раҳбарии ӯ 685 ҳазор хориҷиро ба рӯйхати "шахсони зери назорат" ворид кардааст.
Мақомоти тоҷик он замон гуфта буданд, ки 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати ба истилоҳ "сиёҳ" дар Русия ҳастанд ва агар ҳуҷҷату ҳузурашонро қонунӣ нагардонанд, ронда хоҳанд шуд.
Феҳрасти "шахсони зери назорат" дар пайи ворид шудани дигаргунӣ ба қонунҳои Русия аз 5-уми феврали соли гузашта ба иҷро даромадааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 13-уми июл аз пешниҳоди омор дар бораи муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия худдорӣ карданд.
Шариф Норзода танҳо гуфт, дар шаш моҳи имсол 10 ҳазору 700 муҳоҷиреро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва ҳаққи сафар ба ин кишварро надоранд, бо кор таъмин кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Номи 150 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар "рӯйхати сиёҳ"-и РусияМақомоти Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар зиёда аз як миллион нафар шумурдаанд. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ду сол боз теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия пинҳон медорад.