Шаш ноболиғи бепарасторро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд

Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург акси шаш кӯдакро дар Фейсбук нашр карда, аммо нагуфтааст, ки онҳо чӣ гуна дар Русия бе волидайн ё бесарпараст монданд

Дипломатҳои тоҷик шаш шаҳрванди ноболиғ ва бепарастори Тоҷикистонро дар Русия, ки дар байнашон ду навзод низ ҳаст, ба Душанбе баргардондаанд.

Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 27-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ин кор бо мусоидати мақомоти Русия имкнпазир шуд.

"Шаш шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бе парастор монда буданд, ба ватан баргардонда шуданд," – гуфта шудааст дар баёния.

Консулгарӣ акси шаш кӯдакро дар Фейсбук нашр карда, аммо нагуфтааст, ки онҳо чӣ гуна дар Русия бе волидайн ё бесарпараст монданд.

Радиои Озодӣ ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамин суол муроҷиат кард ва нома фиристод ва мунтазири посухи онҳост.

Як моҳ пештар ва дар рӯзи 20-уми октябр сафорати Тоҷикистон аз бозгардонидани 7 ноболиғи бепарастори дигар ба кишвар хабар дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2025 дар умум аз Русия 52 ноболиғро баргардонидаанд.

Бино ба гузоришҳои расмӣ, боздошти волидон, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани онҳо, надоштани санад ё даст кашидан аз фарзанд аз сабабҳои асосии бепарастору бекас мондани кӯдакони тоҷик дар Русия аст.