Вазорати адлияи Амрико эълон кард, ки Муҳаммад Шарифуллоҳ, шаҳрванди Афғонистон ва узви "Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ бинобар нақш доштан дар фаъолиятҳои ин гурӯҳ, ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Ин вазорат рӯзи 17 сентябр дар эъломияе гуфт, ки додгоҳи Вирҷиния парвандаи ӯро баррасӣ кард ва далелҳо нишон доданд, ки Шарифуллоҳ дар ҳамлаи интиҳорӣ ё худкуши соли 2021 дар дарвозаи вурудии Фурудгоҳи Кобул нақш доштааст. Дар ин ҳамла 13 сарбози амрикоӣ ва ҳудуди 160 ғайринизомӣ кушта шуданд.
Бар асоси санадҳои додгоҳ, Шарифуллоҳ пеш аз ҳамла, масир ва шеваи чигуна расидан ба Фурудгоҳи Кобулро омӯхта ва дар бораи вазъияти он ба аъзои ДОИШ маълумот дода буд.
Вазорати адлияи Амрико афзудааст, ки Шарифуллоҳ аз соли 2016 то замони боздошташ дар соли 2025, дар беш аз 12 ҳамлаи "Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ нақш дошт ва дар бахшҳое аз амалиёти ин гурӯҳ, аз ҷумла шиносоии ҳадафҳо ва интиқоли ҳамлаварони интиҳорӣ, ҳамкорӣ кардааст.
Ӯ дар бахшҳои гуногуни амалиёти ин гурӯҳ, аз ҷумла, шиносоии ҳадафҳо, интиқоли ҳамлаварони интиҳорӣ, интиқол ва пок кардани силоҳҳо, интиқоли паём миёни аъзои "Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ва сабти видеоҳои таркишҳо барои таблиғи ин гурӯҳ, фаъолият доштааст.
Назари Муҳаммад Шарифуллоҳ ва наздиконаш ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Шарифуллоҳ соли гузашта дар Покистон боздошт ва сипас ба Амрико интиқол дода шуд.