Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст

Шарифхон Сафарзода

Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.

Номи Сафарзода зери қароре дар бораи "даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят" ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ ёфтааст.

Ин қарорро "Рӯзномаи Бадахшон" рӯзи 19-уми июн нашр кард.

Як масъули ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 22-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Шарифхон Сафарзода тибқи қонун то таъйин шудани раиси нави вилоят вазифаҳои ӯро иҷро мекунад.

Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.

Навор дар Инстаграм:

Мошини Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо зану як кӯдакаш ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод, вале то ҳол пайкари ғарқшудагон ва ҳам мошин дарёфт нашудаанд. Ҳукумати Тоҷикстон дар номае навишт, ки Алишер Мирзонабот ба ҳалокат расидааст.

Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.

Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Наметавон баҳои яксон дод." Нигоҳҳо ба корномаи Алишер Мирзонабот