Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳалокати ду наврасро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шарҳ дод.
Дафтари матбуотии Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, бегоҳи 3-юми июн бародарон Билол ва Салмоншоҳ Ғафурзодаҳо дар деҳаи Дараи об ба нигоҳбини чорво машғул буданд, ки борони сахт борид.
Ба қавли манбаъ, Салмоншоҳ Ғафурзодаи 11-сола “ба бориши шадиди борон тоб наоварда, дар натиҷа аз карахтшавии бадан (сармозадагӣ)” дар чарогоҳ ба ҳалокат расидааст.” Бародари ин наврасро ба бемористон интиқол додаанд ва пизишкони аҳволи ӯро хуб гуфтаанд.
Мақомот гуфтанд, шомгоҳи 3-юми июн ҳамчунин Шамил Ҳошимзодаи 9-сола қурбони сел шуд. Ин наврас ҳамроҳи падараш дар чарогоҳ будааст ва мақомот мегӯянд, ҷасади ӯро як километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ёфтанд.
Дар бораи ҳалокати ин ду наврас нахуст Радиои Озодӣ 4-уми июн хабар дода буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ду наврас ҷон бохт." Пайомади сел дар ноҳияи Шамсиддини ШоҳинСелу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок кард ва панҷ каси дигарро захмӣ шуданд.