Додрасҳоро дар Тоҷикистон вазифадор кардаанд, ки пеш аз баррасии шикоятҳо, ба арзи корафтодагон гӯш диҳанд.
Ин дигаргунӣ ба қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар нимаи моҳи июн ба иҷро даромад.
Тибқи он, раиси Додгоҳи олӣ, додгоҳҳои ҳарбӣ ва додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки корафтодагонро “шахсан қабул кунанд”.
Дар матни пешинаи қонун чунин банд вуҷуд надошт.
Бар асоси Констиутсия, додгоҳ дар Тоҷикистон гунаҳкор ё бегуноҳ будани шахсони гумонбар дар ҷиноятро бояд маълум кунад ва дар баҳсҳои шаҳрвандӣ ҳақро ба ҳақдор бирасонад.
Сокинони зиёде шикоят мекунанд, ки барои додхоҳӣ ба додгоҳ мераванд ва моҳҳо ё ҳатто солҳо интизор мемонанд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, додгоҳҳои Тоҷикистонро яке аз ниҳодҳои фасодзадаи кишвар унвон кардааст.
Дар се соли охир ҳудуди 20 тан аз додрасҳои тоҷик бо ҷурми ришваситонӣ боздошт ё аз мансаб барканор шудаанд.
Дар гузориши Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар соли 2025 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи мубориза бо фасод дар ҷойи 166, танҳо як зина болотар аз Туркманистон ҷой гирифтааст.