Шаҳбоз Шариф дар Душанбе: ҳаёти миллионҳо нафар набояд гаравгони муомилаҳои сиёсӣ бошад

Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф рӯзи 29 май бо президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намуд

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон зимни ҳамоише дар Душанбе аз тасмими Ҳинд барои яктарафа тарк кардани паймони рӯди Синд изҳори нигаронӣ кард. Шариф гуфт, ин кори Деҳлӣ ғайриқобили қабул аст, “чун ҳаёти миллионҳо нафар набояд гаравгони муомилаҳои сиёсӣ бошад.”

Охири моҳи апрели имсол баъди ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Кашмири зери назорати Ҳиндустон, Деҳлӣ аз паймони рӯди Синд берун шуд. Ба гузориши расонаҳои маҳалии Покистон, 80 дарсади бахши кишоварзӣ ва энергетикии Покистон аз оби дарёи Ҳинд таъмин мешаванд.

Мақомоти Ҳинд Покистонро дар пуштибонӣ аз терроризм дар минтақаи баҳсноки Кашмир айбдор кард. Исломобод ҳамагуна даст доштан дар ин ҳодисаро рад карда, таҳқиқи байнулмилалиро талаб кардааст.

Рӯзи 22-юми апрел дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Кашмир, 25 сайёҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҳинд кушта шуданд. Ин ҳодиса таниши миёни Деҳлӣ ва Исломободро зиёд кард ва ду тараф оғози моҳи май ба мавзеъҳои ҳамдигар ҳамла карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳамлаи низомии Ҳинд ба Покистон. Исломобод гуфт, "посухи қотеъ" медиҳадҲинд ҳарими ҳавоиашро ба рӯи ҳавопаймоҳои покистонӣ баст “Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед”Шикояти деҳқонҳо аз таниш дар марзи Ҳинду Покистон