Дар шабакаи Youtube нашри нави наврӯзии барномаи видеоии “Шоми Душанбе” нашр шуд, ки тақдими муаллифон ба ҷашни Наврӯз аст. Ин барнома дар ҳаҷми 2:18 соат сабт шуда, танҳо дар Интернет, дар шабакаи Youtube қобили дидан аст. Ҷонибек Муродов, муаллифи ин барнома мегӯяд, “Шоми Душанбе” бо ташаббуси студияи JM Production таҳия шуда, танҳо тавассути шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст ва дар телевизионҳои дохилии Тоҷикистон намоиш дода намешавад. Ҳадафи ин барнома – муаррифӣ ва ҳам таблиғи ҳунари попи тоҷик аст.
Дар ҷараёни барнома гурӯҳҳои ҳунарии “КВН Тоҷикистон”, театр-студияи “Хандинкамон” табъи ҳозиронро хуш гардонида, пайваста бо меҳмонҳои даъватшудаи ин маҳфил – овозхон ва чеҳраҳои маъруфи ҳунар мусоҳибаву шӯхиҳо мекунанд. “Идеяи ин барнома аз “Комеди Клаб”-и русӣ гирифта шудааст, ки дар навбати худ як шакли барномаи тафреҳии телевизионии амрикоист. Ин барнома танҳову танҳо бо ҳадафи тафреҳ, хушгузаронӣ, дастригиву таблиғи ҳунари попи тоҷик таҳия мешавад”, гуфт Ҷонибек Муродов.
Дар барномаи наврӯзии “Шоми Душанбе” барои нахустин бор ҳунармандони маъруфи мисли Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосимова, Ҷӯрабек Муродов ва дигар ситораҳо ширкат мекунанд. Дар нашри сеюми барнома Имомалишои Муборакшо, писари овозхони зиндаёд Муборакшоҳ Мирзошоев муаррифӣ шудааст. Барнома ба ду забон – тоҷикиву русӣ ҷараён мегирад ва, ба гуфтаи муаллифонаш, ҳадаф дорад доираҳои мухталифи тамошобинро ҷалб кунад.
Ҷонибек Муродов гуфт, ки ҳадаф надорад ин барномаро барои намоиши телевизионӣ пешниҳод кунад ва бо ҳамин шакли тақдимаш тавассути Интернет қаноат мекунад. Вай умедвор аст, ки ин барнома дар ниҳоят аз ҷониби доираи васеи тамошобинон қобили қабул мешавад, чун ҳеҷ “паём ва ё рисолати баде надорад, танҳо ҳадафаш дилхушиву тафреҳ аст”. Тамоми хароҷоти таҳияи барнома ва эҷоди сенарияи он ба дӯши кормандони ширкати JM Production аст.