Сел омад, гандумзор сӯхт. Оқибати фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонист.

Мухтасар

  • Борону боди сахти шаби 18-уми май боиси вайронӣ ва осеб дар чанд минтақаи Тоҷикистон шудааст. Аз ҷумла сел ба як роҳи маҳаллӣ ва чанд хонаи сокинони ноҳияи Нуробод ва шаҳри Душанбе зарар расондааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, зарари расидаро ҳисоб доранд.

Борону шамоли сахти шаби 18-уми май боиси вайронӣ ва осеб дар чанд минтақаи Тоҷикистон шудааст. Аз ҷумла сел ба як роҳи маҳаллӣ ва чанд хонаи сокинони ноҳияи Нуробод ва шаҳри Душанбе зарар расондааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, зарари расидаро ҳисоб доранд.

Сокинони ҷамоати Мучихарфи ноҳияи Нуробод бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асари омадани сел чанд хона ва иншооти ёрирасон зарар дид.

Ба гуфтаи сокинон, дар деҳаи Зоруни ноҳияи Нуробод ҳам сел омадааст. Бошандагони деҳа мегӯянд, чанд соли ахир чунин боронро надида буданд.

Дар наворҳо дида мешавад, ки мардуми маҳаллӣ худашон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ талош доранд. Сокинон мегӯянд, мақомот ба кумакашон наомаданд.

Як масъули ҷамоати Мучихарфи ноҳияи Нуробод дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сели шаби 18-уми май роҳи асосии деҳаи Оҳангаронро қариб ду соат баст. Ин масъул гуфт, зарари расида ба хонаҳои сокинонро ҳисоб доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сел омад, гандумзор сӯхт. Оқибати фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи ин ҳодиса ва зарари он то ҳол хабар надодааст. Сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бо ирсоли наворе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шамоли сахт боиси канда шудани сими барқ ва ҳамин тавр оташ гирифтани гандумзор шуд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи «Гравзавод»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар пайи шамоли сахт болопӯши чанд хона вайрон шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи зарари ин офати табиӣ хабаре надодааст.

Аз оғози моҳи май гирифта Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табии маргбор шуд. Аз ҷумла рӯзҳои 1-4 май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.