Сел дар Тоҷикистон вайронӣ овард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар чаҳор рӯзи ахир чанд минтақаи Тоҷикистон аз офати табиӣ зиён дидааст. Ҷасади як сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки 19-уми июн дар сел ғарқ шуд, рӯзи 22-юми июн пайдо карда, ба хок супурдаанд. Мақомот хабар додаанд, ки дар офатҳои табиӣ хонаҳои сокинон, роҳу пулҳо ва хати интиқоли барқ зиён дидаанд.