Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, сели рӯзи 20-уми июл дар ноҳияи Рӯшон ба 40 хона зарар расондааст, ки макони зисти 198 нафар буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин офати табиӣ асосан сокинони деҳаи Баррӯшон ва Деҳрӯшон осеб диданд.
Мақомот мегӯянд, як комиссия зарари пурраи селро муайян мекунанд. Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, наҷотдиҳандагон ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ машғуланд.
Иттилоияи алтернативӣ аз Рӯшон дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми июл “бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ” дар чанд деҳаи ноҳияи Рӯшон сел фаромад.
Мақомот аз кӯчондани сокинони зарардида ба ҷойи амн хабар доданд ва гуфтанд, барои онҳо манзилҳои нав сохта мешавад.
Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табии зиёд, аз ҷумла омадани селу тармафароӣ ва шамоли сахт шуд. Ба гузориши расмӣ, дар нимаи аввали имсол дар ин офатҳо 12 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 52 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.