Дар пайи фаромадани сел дар шаҳри Панҷакент чанд хона, роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, низоми обрасонӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар дидаанд.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, "дар натиҷаи офати табиӣ 26 хонаи истиқоматӣ пурра, 1 хона қисман, 34 иншооти ёрирасон, 2000 метр роҳ, 13,2 км шабакаҳои обёрӣ, хатҳои интиқоли барқ, хатти оби нӯшокӣ ва 70 гектар заминҳои кишоварзӣ зарар диданд".
Манбаъ мегӯяд, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Панҷакент–Айнӣ низ муваққатан қатъ гардида, баъдан пурра барқарор шуд.
Мақомот гуфтанд, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаҳои ширкатҳои хусусӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар шудаанд.
Моҳи май Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва бодҳои сахт буд. Рӯзи 27-уми май шамоли сахт дар шаҳри Душанбе ба чандин бино ва нақлиёт дар Душанбе зарар расонд.
Пеш аз он дар оғози моҳи май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.