Се шаҳрванди Афғонистон дар задухӯрде бо марзбонони тоҷик кушта шудаанд

Мавзеи "Баҳорак" дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар задухӯрде дар марзи Тоҷикистон се шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон кушта шудааст.

Мақомот афроди кушташударо “қочоқбарони афғон” номиданд.

Ҳодиса шоми 29-уми январ дар мавзеи “Баҳорак”-и Шамсиддин Шоҳин рух додааст.

Ба гуфтаи мақомот, панҷ қочоқбари мусаллаҳ бо гузаштан аз рӯди Панҷ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд ва ба фармони марзбонон барои таслим шудан гуш накарда, муқовимати мусаллаҳона кардаанд.

Се тан аз кушташудаҳо сокинони ноҳияи Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон будаанд ва ду тани дигар ба гуфтаи Кумитаи марзбонӣ, ба хоки Афғонистон фирор кардаанд.

Назари ҷониби Афғонистон ба ин ҳодиса маълум нест, вале Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз маҳалли ҳодиса се автомати Калашников бо 150 дона тир, қаиқ, чор борхалта маводи мухаддири навъи “ҳашиш” ва “афюн” пайдо кардаанд.

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зуд-зуд задухӯрд рух медиҳад, ки мақомоти тоҷик аксари марзшиканонро "узви гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбари маводи мухаддир" меноманд.

Рӯзи 18-уми январи имсол низ Кумитаи марзбонӣ гуфт, дар марзи Шамсиддин Шоҳин бо Афғонистон "чор узви гурӯҳи террористӣ" кушта шуд. Мақомоти Толибон дар Афғонистон гуфтанд, онҳо кочоқбар буданд.

Рӯзи 24-уми декабри соли гузашта дар задухӯрде дар ҳудуди ин ноҳияи марзӣ Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков, ду афсари марзбон кушта шуданд. Мақомот хабар доданд, ки се ҳамлагар, ки “узви ташкилоти террористӣ" буданд, “нобуд карда шуданд”.

Дар ду ҳамлаи дигар аз хоки Афғонистон дар аввали моҳи декабри соли гузашта панҷ шаҳрванди Чин дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон аз Толибон, ки аз соли 2021 Афғонистонро идора мекунанд, хоста буданд, ки роҳи қочоқбарон ва террористонро бигиранд.