Дар 35 соли баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияташ Тоҷикистон давраҳои душвореро паси сар кард. Як сол баъд аз эълони истиқлолият дар кишвар ҷанги дохилие сар шуд, даҳҳо ҳазор ҷонро рабуд, мардумро гуреза ва бехонумон кард ва иқтисоди варшикастаи ин кишвари бе он ҳам нодортарин дар шӯравии пешинро даҳсолаҳо ақиб андохт.
Сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва мухолифонаш то солҳои охир яке аз комёбиҳои Созмони Милал унвон мешуд, аммо нооромиҳоро пурра аз байн набурд ва охирини онҳо соли 2022 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рух дод, ки 34 кушта дошт. Ҳарчанд акнун мақомоти Тоҷикистон аз ваҳдату амният ва рушди иқтисодӣ ҳарф мезананд, коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, мушкилоти бунёдӣ ва душвориҳои ояндаро дар канори дастовардҳо ва комёбиҳои Тоҷикистон қарор доданд.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: “Якум масаъалае, ки дар Тоҷикистон ҳал шуд, ин масъалаи сулҳу салоҳ буд ва ин барои мо бисёр муҳим буд, чунки истиқлоли давлатӣ ҳам, нигоҳ доштани давлати миллӣ ҳам, маҳз аз ҳамин вобаста буд. Албатта, Тоҷикистон бо сардории президенташ, бо халқи азизаш, вакилони халқ якҷоя тавонистанд, ки Тоҷикистонро ба сулҳ биёранд. Дастоварди аз ҳама муҳим ҳамон сулҳу субот аст.”
Эдвард Лемон, таҳлилгари амрикоӣ: “Ба назари ман, муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон дар 35 соли гузашта пеш аз ҳама ин истодагарӣ аст. Яке аз муҳимтарин дастовардҳояш ин аст, ки давлат истодагарӣ кард ва як эътидоли муайянро дар пасманзари ҳодисаҳои ками амниятӣ ҳифз мекунад.”
Алишер Илҳомов, таҳлилгари муқими Лондон: “Ҷанг метавонист, дурнамои рушди кишварро ба ҳам занад. Дар натиҷаи созиши сулҳи соли 1997 бо талошҳои муштараки ҳукумат ва мухолифон ва бо миёнҷигӣ аз берун, сулҳ ва як созише ҳосил шуд. Як натиҷааш ин буд,ки аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ба парлумон ворид шуданд, ба онҳо ҳақи ширкат дар интихобот доданд ва ду узвашон дар парлумон буд. Ин баёнгари як хиради сиёсӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буд ва пойдории рушди ояндаро таъмин мекард. Вале соли 2015 ҳамин созиш барҳам хӯрд. Вақте мақомот аз фурсат истифода карданд, масъулияти кӯшиши ошӯбро ба дӯши ҳизби наҳзати исломӣ вогузор карданд. Дар натиҷа, ин ҳизб баста шуд ва раҳбарияти он дар симои Кабирӣ ва дигарҳо маҷбур ба тарки кишвар шуданд. Ин як таҷрибаи мусбат буд, ки як ҳизби сиёсии воқеиро иҷозаи фаъолият доданд ва чунин намунае ба ҷуз як каме дар Қирғизистон, дар дигар кишварҳои минтақа дида нашуд. Ҳамин намунаи мусбат то соли 2015 кор кард. “
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон дар 35 сол чиро аз даст доду чӣ ба даст овард?
Аз гуногунандешии нисбӣ ба худкомагӣ?
Сиёсат дар Тоҷикистон, ба ақидаи коршиносон ва созмонҳои байнмилал, агар дар солҳои аввали истиқлолият нисбатан демократӣ ва чандандешона буд, тадриҷан ба яккаҳизбӣ ва яккасардорӣ табдил ёфт.
Алишер Илҳомов, таҳлилгари муқими Лондон: “Баъди соли 2015 мо шоҳиди сахттар шудани саркӯбҳо шудем, то талоши кушторҳои сиёсӣ ва рабудани мухолифон дар хориҷа. Баъди соли 2015 фазо дар кишвар барои созмонҳои сиёсӣ баста шуд. Бале, баъзе коршиносону журналистон ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҳастанд, ки мавқеи бетараф доранд. Ба онҳо иҷозаи идомаи фаъолият дода шудааст. Дар солҳои истиқлолият барои созмонҳои шаҳрандӣ фазои нисбатан озод фароҳам шуд. Масалан, дар Тоҷикистон Бунёди “Ҷомеаи боз” амал мекард. Масалан, дар Узбекистони ҳамсоя ин созмонро баъди соли 2005 бастанд. Аз ин ҷиҳат бояд Эмомалӣ Раҳмонро ситоиш кард, чун аз Каримов пайравӣ накард. Созмон танҳо бо тасмими худи ин бунёд баста шуд. Ва чизи сеюм ин рушди иқтисодӣ аст. Соли 2025 он 8 дарсадро ташкил дод.”
Эдвард Лемон, таҳлилгари амрикоӣ: “Дастоварди дуюмаш ба рушди соҳаи энержӣ ва гидроэнергетика вобаста аст. Ин кишвар дар рушди соҳаи энергетика ва коҳиши вобастагӣ аз таъминкунандагони берунӣ ба муваффақитяҳои калон даст ёфт. Дар бахши дастовардҳои сеюмаш ман рушди соҳаҳои мисли ҳуши маснӯӣ, фанновариҳои навин ва дигар самтҳои пешрафтаи замонавиро номбар карда метавонам.”
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: “Дастоварди дуюми мо ин аст, ки Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ як вазъияти ногуворе дошт ва тоҷикон ҳам обрӯ надоштанд, тавонистанд, ки давлати Тоҷикистонро ба дараҷаи лозимӣ бардорад ва ба тамоми ҷаҳон нишон диҳад, ки Тоҷикистон метавонад обод шавад, ободкор бошад, созанда бошад. Сеюм ин ки аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тавонист, ки тамоми Тоҷикистонро муттаҳид намояд, ба воситаи роҳҳои нақлиётӣ, ба воситаи нақбҳо, ҳамаи он имкониятҳое, ки лозим буд... миллатро муттаҳид кунем, хешутаборчигию рафтуомаду бурдану овардани молу колоро бисёр хуб ба роҳ монем”.
Алишер Илҳомов, таҳлилгари муқими Лондон: “Шаҳрвандон дар ватани худ коре бо маоши хуб намеёбанд ва мо медонем, ки онҳо мавриди фишори зиёде дар Русия ҳастанд, онҳоро маҷбур мекунанд ба ҷанги Украина раванд. Шумори зиёди муҳоҷирони тоҷику узбек, умуман муҳоҷирон аз минтақаи Осиёи Марказӣ қарордод имзо мекунанд, то ки шаҳрвандии Русияро ба даст оранд. Барои пул шуда ва ҳам таҳти фишор. Ин як обрӯрезӣ барои Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа аст. “
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: “Ҷойҳои корӣ бояд дар Тоҷикистон зиёд шаванд ва онҳо бояд босифат бошанд. Чизи муҳим босифат будани ҷойҳои корӣ аст. Набошад, ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд ҳастанд ва вақтҳои охир 80 ҳазор ҷои корӣ эҷод шуд. Вале муҳим аст, ки бигӯем, ин ҷойҳои корӣ бояд маоши баланд дошта бошанд”.
Алишер Илҳомов, таҳлилгари муқими Лондон: "Дар масъалаи иқтисод бояд гуфт, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон боиси эҷоди мушкилот дар ин бахш мешавад, чун барои дастрасӣ ба роҳҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ роҳаш ҳамвор нест. Бояд аз ду кишвар убур карда ба баҳр бирасад, масалан то бандарҳои Покистон.”
Мушкилоти пеши рӯи Тоҷикистон
Эдвард Лемон, таҳлилгари амрикоӣ: “Бешубҳа, кишвар дар пешорӯи як қатор мушкилот қарор дорад. Аввалаш вобастагӣ аз давлатҳои беруна аст. Русия ва Чин мисли пешин нақши калидӣ мебозанд ва ин кишвар аз онҳо дар масъалаҳои амниятӣ, сиёсат, иқтисод вобаста аст. Мушкили дуюм ин мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим аст. Тоҷикистон як кишвари кӯҳӣ аст, ин ҷо саргаҳи бисёр дарёҳо ҷойгиранд, ки оби Осиёи Марказиро таъмин мекунанд. Кишвар дар оянда ҳам бо чолишҳои вобаста ба тағйироти иқлим, аз биёбоншавӣ то обшавии пиряхҳо ҳарчи бештар рӯбарӯ хоҳад шуд. Ва рушди иқтисоди дохилӣ мушкили сеюм аст, ба назари ман. Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобастаи сахт аз муҳоҷират аст, чун нисфи иқтисоди ин кишвар ба пулҳои муҳоҷирони корӣ дар хориҷ ниёз доранд. Вазифаи рушди иқтисоди дохилӣ, ки насли ҷавонро бо кор таъмин кунад, яке аз мушкилоти калидии пешорӯи ин кишвар дар солҳои ояндаи истиқлолият мебошад.”
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: “То ҷое, ки мо тавонистем, то он ҷое, ки имкониятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ба мо иҷоза медоданд, Тоҷикистон тавонист, ки як давлати мустақил шавад ва мо инро аз суханрониҳои президенти кишварамон, дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай инро эҳсос мекунем. Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳар кишвар, ки меравад, ба ҳар давлате, ки ҳамкорӣ мекунад, аз ҳеч кишвари дигаре вобастагӣ надорад.”
Эдвард Лемон, таҳлилгари амрикоӣ: “Ба Чин тахминан чоряки муомилаҳои берунаи кишвар рост меояду то 40 % қарзи берунааш аз Чин аст. Чин сармоягузори калонтарин буда, дар таъмини амнияти Тоҷикистон то рафт нақши калидиро мебозад. Русия ҳам ҳамчунин. Бо Русия 22% тиҷорати Тоҷикистон рост меояд. Тоҷикистон аз муҳоҷирати меҳнатӣ хеле вобаста аст, аксарашон ба Русия мераванд ва бино ба арзёбиҳои Бонки ҷаҳонӣ, пулҳои фиристодаи онҳо нисфи иқтисоди кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон расман як давлати мустақил бошад ҳам, бешубҳа, аз ин ду ҳамсояааш сахт вобаста мебошад.»
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: «Бисёр экспертҳо қасдан ин масъалаҳоро бод медиҳанд, лекин қарзи Тоҷикистон аз Чин он қадар зиёд нест, нисбат ба он имкониятҳое, ки мо дорем. Мо онро метавонем ҳар вақт пардозем ва ба шаклҳои гуногун ҳам пардохта метавонем. Имконият дорем ва бо сохтмони “Роғун” ҳам ин имкониятҳоямон бештар мешавад.”
Бемории муҳоҷиратро бояд ҳал кунем
Ин нукта ҳам садо медиҳад, ки пойбандии Тоҷикистон ба Русия на танҳо сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки ҳамчунин низомист, зеро дар Тоҷикистон калонтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷ ҷой дода шудааст.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: ”Пойгоҳи ҳарбии Русия ин як масъалаи муҳими геополитикӣ аст. Барои Тоҷикистон бо сабаби дар Афғонистон нотинҷ будан ин пойгоҳи ҳарбӣ лозим аст. Новобаста аз хоҳиши баъзеҳо, ин ҳаст. Дар дигар ҷойҳои дунё, масалан дар Ҷопон ҳам пойгоҳи амрикоӣ хеле зиёд ҳастанд, дар Кореяи Ҷанубӣ зиёд ҳастанд. Лекин онҳоро ҳеҷ кас номбар намекунад. Барои чӣ як пойгоҳи русӣ дар Тоҷикистон ин қадар таъкид мешавад? .... Барои мардуми маҳаллии Тоҷикистон ин пойгоҳ хеле зарур аст ба сабаби ҷамъшавии террористон дар Афғонистон.“
Алишер Илҳомов, таҳлилгари муқими Лондон: “Тоҷикистон як кишвари худкома ва хеле фасодзада аст. Ҳар қадар раҳбари худкома қудратро бештар дар дасти худ тамаркуз мекунад ва талош дорад тамоми умр дар курсӣ бошад, сатҳи фасод ҳамон қадар бештар мешавад. Мо мебинем, ки ба самти эҷоди як шоҳигарӣ ё сулолаи шоҳӣ омода мешавад. Ҳоло писараш омода мешавад, ки зимоми қудратро ба даст гирад. Ӯ раҳбари Маҷлиси миллӣ ва шаҳри Душанбе аст.»
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик: «Дар масъалаи нақбканӣ ва роҳсозӣ ба тарафи Бадахшон ягон 100 км роҳ байни Ванҷу Рӯшон мондааст, ки ҳамон роҳро бояд созем. Ба назари ман якум масъалае, ки барои мардум лозим аст, ҳамин роҳ бояд анҷом ёбад. Масъалаи дигаре, ки ҳаст, масъалаи муҳоҷират аст. Мо набояд иҷозат диҳем, ки муҳоҷират аз Тоҷикистон зиёд шавад. Ин раванди баъдиҷангӣ буд ва мардум имконияти кор кардан дар ин ҷо надоштанд, корхонаҳои давраи шӯравӣ аз кор монда буданд, алоқаҳои иқтисодӣ бо дигар давлатҳои ҳамсоя аз байн рафта буд. Мардум ба муҳоҷират рафт, одат кард ва ин як касалӣ шуд. Ҳамин масъалаи касалии муҳоҷиратро бояд ҳатман ҳал кунем.”