Се нафар ҷон бохта, панҷ кас бистарӣ шудаанд. Пайомади сел дар Кӯлоб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сел дар Кӯлоб сабаби ҳалокати се нафар шуд

Дар пайи омадани сели рӯзи 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, 450 кӯдак ва пиронсолро ба ҷойи бехаф бурдаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб, ду нафар аз фавтидагон Абумуслим Давлатови 44-сола ва Набиамон Фозилови 58-сола, зери девор монда, ҷонашонро аз даст доданд. Як фавтидаи дигар Мирзо Мулониёзови 45-сола, аз шиддати барқ ҳалок шудааст.

Мақомот мегӯянд, панҷ нафар, ки дар бемористон бистарӣ ҳастанд, аз 14 то 42-сол доранд.

Шаҳбоз, бародарзодаи Набиамон Фозилов ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте борон меборад, сел мешавад, амакам ба таги деворҳои заводи Косто омада истода будааст, ки девор дар болояшон чаппа мешавад ва ҷонашро аз даст медиҳад. Имрӯз дар намози пешин ҷаноза мекунем".

Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб, дар пайи боридани борони сахт, сел ба 850 манзили зист даромадааст. Ин хонаҳо дар маҳаллаҳои Хати роҳ, Қурбон Зардаков, Нонбойи поён, Суғдиён, Заринкуҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии Истиқлолият, Саросиёб, Мадином Ибронов, Панҷосиёб ва Файзободи болои шаҳри Кӯлоб ҷойгир ҳастанд.

Аксҳо аз омадани сел дар Кӯлоб ва оқибатҳои ин офати табиӣ

Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон дар хабарномае навишт, раиси вилоят Давлаталӣ Саид шаби 2-юми май ба минтақаҳои селзадаи шаҳри Кӯлоб рафтааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон "ба оилаҳои шахсони фавтида изҳори ҳамдардӣ карда”, дастур додааст, ки мақомот барои расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ "тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд".

Мақомот мегӯянд, корҳои бартарафсозӣ идома доранд. "Айни ҳол дар кучаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои зарурӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва тоза кардани минтақаҳо идома дорад", - омадааст дар хабарномаи ҳукумати шаҳри Кӯлоб.

Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст. Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд. Аз ҷумла ба таҳхонаи чандин манзил дар Душанбе об даромада, сокинон аз барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум шуданд.

Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.