Се медали варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар риштаи карате WKF, ки дар шаҳри Оқтови Қазоқистон ҷараён дорад, се медал (ду тило ва як нуқра) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқот наздики 500 нафар аз шаш кишвари минтақа — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар намудҳои ката ва кумитэ байни варзишгарони синну соли мухталиф — аз наврасон то бузургсолон – рақобат мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқот иштироккунандагонро президенти Федератсияи карате (WKF)-и Осиёи Марказӣ Сарсенбой Абдуллоев аз Қазоқистон табрик намуд.

Дар ду рӯзи аввали рақобатҳо ба се варзишгари тоҷик се медал cупурда шуд. Муҳаммад Мирзозода дар вазни 55 кило ва Алишер Султонов (60 кг) бо медалҳои тило, инчунин Мақсадулло Муъминов (55 кг) бо нишони нуқра сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар риштаи карате WKF, ки дар шаҳри Оқтов 5-уми август ба поён мерасад, дар ҳисоби медалҳо ҳоло дастаи мунтахаби Қазоқистон пешсаф аст. Варзишкорони Эрон дар ҷойи дувум ва намояндагони Туркманистон дар ҷойи севум қарор доранд.