Се медали гуштигирони тоҷик дар "Ҷоми поягузорони самбо-2026"

Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 24-25-уми март дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи самбои Русия, дар “Ҷоми поягузорони самбо” варзишгарон аз Арманистон, Беларус, Кипр, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва ғайра ширкат варзиданд.

Аз байни варзишгароне, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, се нафар дар самбои размӣ медал гирифтанд. Фариз Аҳмадшоев дар вазни 88 кило бо медали нуқра мукофотониду шуд. Вай дар финал аз Ҷамолиддин Сандалови русиягӣ мағлуб гардида, мақоми дувумро касб намуд.

Инчунин дар вазни 88 кило намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳдор Ниёзов бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Боз як паҳлавони тоҷик – Амирҳамза Сулаймонов - дар самбои размӣ дар вазни +98 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” бо ибтикори Федератсияи умумирусиягии самбо миёни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ, инчунин байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд. Мардон дар ҳафт вазн (58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг) ва занон низ дар ҳафт вазн (50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг) рақобат карданд.

Мусобиқоти байнулмилалии самбо «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки соли 1980 таъсис ёфта буд, соли 2022 тағйири ном кард - «Ҷоми поягузорони самбо». Адолати таърихӣ барқарор шуд, зеро «самбо»-ро Анатолий Харлампиев, Василий Ошепков ва Виктор Спиридонов ихтироъ кардаанд. Ба ин се поягузор дар Лужникии Маскав ҳайкал гузошта шудааст.

Ғолибону ҷоизадорони “Ҷоми поягузорони самбо” - 2026:

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Саргсян Карэн (Арманистон)

2. Апсов Амал (Русия)

3. Карасёв Николай (Русия)

3. Агаҷанян Ален (Русия)

64 кг

1. Смертин Егор (Русия)

2. Пастернак Денис (Русия)

3. Тябенков Артём (Русия)

3. Сику Рамазон (Русия)

71 кг

1. Саргсян Ваграм (Русия)

2. Бакитов Мақсад (Қазоқистон)

3. Боғиров Элвин (Озарбойҷон)

3. Сартов Олой (Қирғизистон)

79 кг

1. Бойтуев Рустам (Русия)

2. Сигарёв Герман (Русия)

3. Мардапиттас Стефан (Кипр)

3. Эсенғозиев Ҷондос (Қирғизистон)

88 кг

1. Саидов Хоҷиакбар (Русия)

2. Сучков Александр (Русия)

3. Норка Владислав (Беларус)

3. Бобоев Раул (Русия)

98 кг

1. Акобиров Хисрав (Русия)

2. Чертушкин Владимир (Русия)

3. Мерзляков Максим (Русия)

3. Рашидов Даниил (Русия)

98+ кг

1. Кривобоков Антон (Русия)

2. Брачев Антон (Русия)

3. Гаделия Инал (Русия)

3. Скаев Лазар (Русия)

Самбои размӣ

58 кг

1. Намсараев Алдар (Русия)

2. Дондуков Владимир (Русия)

3. Сединин Никита (Русия)

3. Зиков Пётр (Русия)

64 кг

1. Умаев Азамат (Русия)

2. Куулар Найдан (Русия)

3. Байсултонов Малик (Қазоқистон)

3. Туратбек Уулу Одил (Қирғизистон)

71 кг

1. Ҳошимов Қодир (Русия)

2. Чмихалов Артём (Русия)

3. Поздеев Игор (Русия)

3. Карпенко Константин (Қазоқистон)

79 кг

1. Решетиленко Сергей (Русия)

2. Санюк Иля (Русия)

3. Рамазонов Аҳмад (Русия)

3. Хирмагомедов Гаджи (Русия)

88 кг

1. Сандалов Ҷамолиддин (Русия)

2. Аҳмадшоев Фариз (Тоҷикистон)

3. Верейкин Максим (Русия)

3. Ниёзов Шаҳдор (Тоҷикистон)

98 кг

1. Худоёров Кишвар (Русия)

2. Булгаков Никита (Русия)

3. Бурак Шоҳин (Туркия)

98+ кг

1. Савкин Артур (Русия)

2. Аюбов Рустам (Русия)

3. Аҳмадов Исломхон (Русия)

3. Сулаймонов Амирҳамза (Тоҷикистон)

Самбои варзишӣ

Занон

1. Русия

2. Беларус

3. Туркия

Мардон

1. Русия

2. Арманистон

3. Қазоқистон

Самбои размӣ

1. Русия

2. Тоҷикистон

3. Қазоқистон