"Шиноснома надоданд." Сарсонӣ ва иддаои як паноҳҷӯи тоҷик дар Малайзия

Идрис Шарипов

Як паноҳҷӯйи тоҷик иддао дорад, ки мақомоти Малайзия мехоҳанд, бо вуҷуди таҳдиди хатар ба ҷонаш, ӯро ба Тоҷикистон бозпас фиристанд. Идрис Шарипови 28-сола аз шаҳри Ҳисор мегӯяд, баъди онки аз дини ислом рӯ гардонд, дар Тоҷикистон мавриди азобу шиканҷа қарор гирифт ва мақомот ҳам ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд ва аз ин рӯ кишварро тарк кард. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест.

"Одам накуштам, ҷиноят накардам"

Идрис Шарипов дар Ютуб як канал дорад ва дини ислому ҳукумати Тоҷикистонро бо лаҳни бисёр тунд ва олуда ба дашном танқид мекунад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки намояндагии расмии Тоҷикистон дар Малайзия ба ӯ шиноснома надод ва аз ин сабаб сарсону саргардон мондааст.

“Ба ман гуфтанд, ки баъди як ҳафта биё. Рафтам. Гуфтанд, ки пас аз як моҳи дигар биё. Гуфтанд, мо ба Тоҷикистон дархост фиристодем, ҳоло ҷавоб наомадааст. Чанд нафарро дидам, ки дар 14 рӯз шиноснома гирифтанд. Ба ман шиноснома надоданд. Ман дар ҷустуҷӯ нестам, одам накуштам, ҷиноят накардам. Аз мақомоти Малайзия хостаанд, ки маро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд,” – афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Малайзия ва дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ барои шарҳи иддао ва қазияи Идрис Шарипов муроҷиат кард ва мунтазири посухи онҳост.

Идрис Шарипов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди як моҷарои оилавӣ барои мероси падар, аввал сахт мазҳабӣ шуд, вале сипас аз дин рӯ тофт ва аз ҳамон замон дар Тоҷикистон ба дарди сар гирифтор шуд:

“Маро гумошта (агент) номиданд, баъд дар охир ба артиш фиристоданд. Соли 2021 дар сарҳад бо Қирғизистон ҷанг сар шуд. Хостанд, ки маро ба ҷанг фиристанд, ман рад кардам. Баъд маро ба Душанбе оварда, ба зиндон маҳкум карданд.”

"Гуфт, барои чӣ атеист шудӣ?"

Идрис Шариповро моҳи августи соли 2021 дар Тоҷикистон зиндонӣ кардаанд ва ӯ ду солро дар зиндон гузарондааст. Мегӯяд, баъди раҳоӣ аз зиндон ҳам ӯро ором нагузоштанд: “Нозири милиса омад, маро ба шуъба бурда, гуфт, ба ту кӣ гап ёд дод, барои чӣ атеист шудӣ? Ту барои “Моссад” кор мекунӣ. Заданд, шиканҷа карданд. Амният ҳам шиканҷа дод. Дигар нашуд, аз Тоҷикистон баромадам ва ба Узбекистон рафтам.”

Ҳамсубати мо аз касе ном нагирифт, вале афзуд, баъди тарки Тоҷикистон аз як кишвар ба кишвари дигар, аз ҷумла аз Узбекистон ба Қазоқистон ва сипас ба Ҳинду чанде аз кишварҳои арабӣ рафта, соли 2024 ба Малайзия расидааст.

Бештар аз як соли зиндагиашро дар фурудгоҳи Куала Лумпур сипарӣ карда, охири соли 2025 берун омадааст. Иддао дорад, ки дар онҷо пулиси Малайзия ӯро ҷосуси Хадамоти Истихборотии Амрико ва “Моссад”-и Исроил хондаанд. Иддаое, ки тасдиқи он мушкил аст. Дар айни замон дар канали ин ҷавони тоҷик дар Ютуб рамзҳои хадамоти ҷосусии Амрико, Исроил ва ҳамингуна аксҳои дасткоришудаеро бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дидан мумкин аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идрис Шарипов хавф дорад, ки аз Малайзия ихроҷ мешавад

"Ҳар дақиқаи зиндагии ман бо тарс мегузарад"

Идрис Шарипов айни замон шиноснома надорад ва Комиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Милал аризаи ӯро барои мақоми паноҳҷӯ баррасӣ мекунад. Идрис Шарипов ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳз ҳамин ариза монеъ шуд, то моҳи майи имсол маъмурони Хадамоти Муҳоҷирати Малайзия ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд.

Ҷавони тоҷик ҳоло умедвор аст, ки ба аризааш посухи мусбат мегирад, вале дар Малайзия намемонад. Мегӯяд, айни замон ҷое надорад ва инҷову онҷо ё дар кӯча мехобад.

“Ман аз кишварҳо, раҳбарони кишварҳои демократӣ мехоҳам, маро аз Малайзия ба ягон кишвари Аврупо ё Австралия баранд. Ҳаёти ман дар инҷо дар хатар аст. Дар инҷо ҳар дақиқаи зиндагии ман бо тарс мегузарад,” – гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон таъқиби касе барои бехудоӣ мамнӯъ аст, вале созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳукумати кишварро барои таъқиби дигарандешон ва мухолифони ҳукумат пайваста танқид мекунанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар як гузориши вижа дар гузашта гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон саъй мекунад, мухолифони давлат ё дигарандешонро дар хориҷ таҳти фишор қарор диҳад ва аз ҳар роҳе ба кишвар баргардонда ба зиндон андозад.