"Ҳоло бо мансабдорон машғуланд." Сарнавишти хонаҳои ҷанҷолӣ дар Ҷайҳун

Деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун. Ин лаҳза аз 9-уми ноябри соли 2026 аст

Сокинони деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун, ки видеои вайрон кардани чанд хона дар он баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мегӯянд, мақомот раванди тахрибро боздоштаанд. Аммо рӯшан нест, то кай.

Соҳибони баъзе аз хонаҳо рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти расмӣ ҳоло бо мансабдороне сарукор доранд, ки ба сохтмони хонаҳо иҷоза дода буданд. Эҳтимол меравад, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мусоҳибони мо аз тарси пеш наомадани мушкилӣ хостанд, ки номашон бурда нашавад. Яке аз онҳо видеоеро фиристод, ки дар он дида мешавад, хонаҳо бо ҳамон андаке вайронии оғози тахриб мондаанд.

Сокинон мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро гирифта, хона сохтанд ва ҳукумат ҳам дар ин муддат чизе нагуфт.

Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон дар вокунише ба ҷанҷол дар бораи вайрон кардани хонаҳо гуфт, Муҳаммад Азимов, фарде, ки дар замини кишоварзӣ хона сохтааст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

“Хонаҳоро ба болоямон чаппа мекунанд.” Эътироз дар Ҷайҳун

Ҳарчанд ҳоло маълум нест, ки бо ин хонаҳо чӣ мешавад, аммо яке аз соҳибони онҳо дар видеое, гуфт, ки бо дастури мақомот худашон бояд хонаҳоро вайрон кунанд. Ба гуфтаи мақомот, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо моҳи октябр қабул шудааст ва зоҳиран бояд иҷро шавад.

Зери вокуниши ҳукумат дар Фейсбук, корбарони зиёде кормандони ҳукуматро гунаҳкор кардаанд. Яке аз онҳо навиштааст: “Мақомоти маҳаллӣ куҷо нигоҳ мекарданд? Сармеъмору масъули кумитаи замин... куҷо буданд? Наход ҳамин қадар "қонунвайронкунӣ"-ро надида бошанд ё нашунида бошанд? Чӣ балое, ки ояд, балогардон мардуми камбағалу одӣ... Инҷо фикр мекунам айб - айби худи масъулон аст, аз кумитаи замини ноҳия сар карда, то ҷамоату маҳалла...”

Масъалаи қонуншиканӣ ҳангоми хонасозӣ ва ё тақсими замин дар Тоҷикистон яке аз доғтарин мушкилот ба ҳисоб меравад ва садҳо нафар барои ин қонуншиканиҳо аз ҷумла то ба раисони ноҳияҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.