Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сарбози Вазорати мудофиа худро ба рӯди Кофарниҳон андохтааст.

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи Ваҳдат андохта, ғарқ шудааст.

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ҳашт моҳ пеш ба артиш рафта, сарбози баталёни минрубии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Насим, як тан аз наздикони ӯ рӯзи 28-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидон гуфт, ки ӯ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, худро аз болои панҷараи пул ба рӯдхона ҳаво додааст.

"Зан фикр кардааст, ки ӯ телефонро баро аксгирӣ ба ӯ додааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад. Ба он зан ягон гап нагуфтааст, ки чаро ин корро мекунад. Дигар раҳгузарон ҳам шоҳид будаанд. То 500-600 метр ӯ дар рӯи об метофтааст, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст,"--гуфт ӯ.

Ҳоло наздикони Шаҳбоз ва сокинони маҳаллӣ пайкари сарбозро дар соҳилҳои Кофарниҳон ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, сарбоз барои даҳ рӯз дар рухсатӣ буд ва имрӯз, 28-уми апрел, мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт. Онҳо гуфтанд, ки ӯ аз шароити бади хидмат шикоят дошт ва мегуфт, ки гурдаҳояш осеб дидаанд. Он рӯз ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад.

Дар маҳалли ҳодиса як тан аз масъулони қисми ҳарбӣ, ки Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода онҷо сарбоз буд, ҳузур дошт ва ӯ нахост телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гап занад.

Наздикон мегӯянд, намедонанд, ки чаро ӯ ба ин кор даст задааст, чун ба онҳо чизе нагуфта будааст.

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад.

Наздикони бархе сарбозон аз шароити нохуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва озори сарбозон аз ҷониби сарбозони бузургтар ё афсарон шикоят мекунанд. Солҳои гузашта ҳам чанд навори азияти сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Мақомот мегӯянд, вазъ дар қиёс ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст ва тамоми шароит барои сарбозон муҳайё аст. Аммо ҳамоно аз фоҷиаҳо дар нерӯҳои мусаллаҳ хабарҳо мерасанд.